"ИМКОНИ ИСТЕЪФОИ МУБОРАК ДАР ҲОЛИ БАРРАСӢ АСТ"
Аҳмад Шафиқ, нахуствазири Миср дар мусоҳибае ба бахши арабии Бибисӣ гуфтааст имкони канорагирии президент Муборак дар ҳоли баррасӣ аст. Ӯ гуфтааст ба зудӣ вазъ дар ин робита рӯшан хоҳад шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки баъши аъзаме аз маркази Қоҳира, пойтахт ба асари таҷаммуъи гурӯҳҳои мардум масдуд шудааст. Эътисоби коргарӣ дар саросари кишвар афзоиш ёфта ва тазоҳурот барои канорагирии оқои Муборак идома дорад. Садҳо нафар пизишкон ба тазоҳуркунандагон дар майдони Таҳрир пайвастаанд. Гузориш шудааст ки кормандони нақлиёти умумӣ, корхонаҳои нафту сӯхт, нассоҷӣ, тавлиди оҳан ва таъсисоти мухобиротӣ тазоҳурот ва эътисоб баргузор кардаанд.
Як масъули ниҳоди тарафдори ҷунбиши коргарии озод ба Бибисӣ гуфтааст коргаронро гузоришҳои матбуъот дар бораи абъоди дороиҳои президент Муборак ва хонаводаи ӯ ба ғазаб овардааст. Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд боздошт ва нопадид шудани фаъолони мухолифи давлат дар ҳоли афзоиш аст.