16:40:02 08-уми Июни 2025 сол

СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э.РАҲМОН БА РАИСОНИ НТМ

Субҳи имрўз раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ёвон ва Файзобод ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ ҳисобот доданд.

 

Сарвари давлат ҳисоботи онҳоро доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғҳои кўҳна, вусъати корҳои ободонӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ шунида, доир ба баланд бардоштании самаранокии корҳо супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои кишти саривақтии ғалладонагиҳо аз ҳар рўзи ҳавои мусоид ва имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.

 

Дастур дода шуд, ки ҳар як ваҷаб замини корам мавриди истифодаи пурсамар қарор бигирад ва аз заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ду ва зиёда ҳосил рўёнда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар бояд бештар аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзии ватанӣ таъмин гардад, то ки таъсири манфии омилҳои берунӣ коҳиш ёбад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854