16:59:00 08-уми Июни 2025 сол

МАВОРИДИ ФАСОДИ ПУЛИС ДАР ХАТЛОН

Бахши ожонсии мубориза бо фасод дар Хатлон гуфтааст, ки дар соли 2010 шонздаҳ корманди пулис дар шаҳру новоҳии ин вилоят ба иттиҳоми даст доштан дар фасод боздошт шудаанд.

 

Вале Суҳроб Саломов, муъовини раиси бахши вазорати дохилаи Тоҷикистон дар Хатлон ин хабарро такзиб кард ва гуфт, ки фақат 11 мавриди даст задани кормандони пулиси Хатлон ба ҷиноят сабт шудааст. Вай гуфт, ки аз ин маворид, танҳо ду ҳодиса ба фасод марбут буда ва бақия маворид ба боздошти ғайриқонунии шаҳрвандон тавассути кормандони идораи онҳо вобаста будааст.

 

Оқои Саломов гуфт, ки ду мавриди фасод ба ситонидани пул аз ронандаҳо тавассути пулис марбут аст. Суҳроб Саломов таъкид кардааст, ки масъулони вазорати кишвари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон талош мекунанд, ки “сафи милисаҳоро дар вилоят аз шахсони тасодуфӣ ва онҳое, ки даст ба корҳои ҷиноӣ мезананд”, поксозӣ кунанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854