19:30:32 08-уми Июни 2025 сол

ҲУСНӢ МУБОРАК БИЛОХИРА ИСТЕЪФО ДОД

Раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак рӯзи ҷумъа, дар рӯзи 18-уми эътирозҳои густарда алайҳи ҳукумати сисолаи ӯ истеъфо дод. Хабари истеъфои Муборакро ноиби ӯ Умар Сулаймон эълон кард ва гуфт, умури идораи Мисрро акнун низомиҳо бар дӯш мегиранд.

 

hosni mubarak 1Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо, аз ҷумла телевизиони Ал-Арабия хабар дод, ки Муборак бо аҳли хонаводааш пойтахт – Қоҳираро тарк гуфта, ба Шармулшайх, осоишгоҳе дар соҳили баҳри Сурх рафтааст. Шаби панҷшанбе Муборак гуфт, як бахши салоҳиятҳояшро ба ноибаш Умар Сулаймон медиҳад, вале худ то моҳи сентябр, яъне то интихоботи ҷадид ва хатми давраи кунунии раёсаташ дар мақом хоҳад монд. Ба дунбол, рӯзи ҷумъа артиши Миср бо пуштибонӣ аз ин барномаи таҳвили қудрат ва тазмини иҷрои ислоҳот ва баргузории як интихоботи озоду одилона дар соли ҷорӣ аз эътирозгарон даъват кард, хона ба хона шаванд.

 

Вале эътирозгарон ба истеъфои билофосилаи Муборак исрор варзида, дар рӯзи ҷумъа ба раҳпаймоиҳои нави густарда даъват карданд. Дар ин рӯз даҳҳо ҳазор эътирозгар дар атрофи қароргоҳи асосии раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак дар Ҳолеополис ва ҳам дар рӯбарӯи бинои телевизиони Миср дар наздикии майдони Таҳрири Қоҳира гирди ҳам омаданд. Ва билохира, зери фишори эътирозгарон Муборак ба истеъфо рафт.

 

"Озодӣ"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854