ОКОДЕМИСИЯН НӮЪМОН НЕЪМАТОВ ДАРГУЗАШТ
Окодемисиян Нӯъмон Неъматов, профессори илми таърих ва муаллифи китоби "Давлати Сомониён", дар синни 84-солагӣ дар зодгоҳаш, шаҳри Хуҷанд, даргузашт.
Дар маросими дафни Нӯъмон Неъматов, ки зӯҳри рӯзи 15 феврал дар боғи фароғатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, пайвандони ӯ, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, шогирдон ва муаррихони барҷаста ширкат ва суханронӣ карданд. Ҷумъабой Сангинов, муъовини аввали раиси вилояти Суғд, аз хидматҳои бузурги окодемисиян Неъматов дар рушду нумӯъи илми тоҷик ёдоварӣ кард ва гуфт, ки даргузашти ин донишманди таърих талафоти бузурге барои илми тоҷик аст. Оқои Сангинов гуфт: "Имрӯз Нӯъмон Неъматов аз байни мо рафта, вале таҳқиқот ва осори беназири вай барои наслҳои оянда аҳаммияти бузурге дорад. Махсусан, таҳқиқот ва корҳои илмии Нӯъмон Неъматов ба зинда кардани таърихи шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд бахшида шуда буданд."
Вай афзуд: "Корҳои ҳафриётии Нӯъмон Неъматов дар шаҳри Бунҷикат, шаҳре қадимӣ дар ноҳияи Шаҳристони имрӯза, ва дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда буданд, ки ба саҳифаҳои норӯшани таърихи халқи тоҷик равшанӣ андохтаанд."
Дар ҳамин ҳол, Абдулло Мирбобоев, профессори илми таърих ва аз дӯстони наздики Нӯъмон Неъматов, мегӯяд, ки аз соли 1965, яъне аз замони донишҷӯияш бо устод Неъматов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ошноӣ доштааст. Оқои Мирбобоев афзуд, ки вай пас аз фориғ шудан аз донишгоҳ низ ҳамроҳ бо Нӯъмон Неъматов беш аз 40 сол дар пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Атоулло Атоев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва аз пайвандони Нӯъмон Неъматов, мегӯяд устод Неъматов аз шахсиятҳое будааст, ки барои омӯзиши таърихи даврони Сомониён ва эҳёи таърихи 2500-солаи шаҳри Хуҷанд хидматҳои бузурге анҷом додааст. Вай гуфт: "Устод барои зинда кардани таърихи халқи тоҷик китобҳои зиёде таълиф кардаанд ва шогирдони зиёде доранд ва устодро дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар ҳамчун як муаррихи бузург мешиносанд."
Зимнан, Нӯъмон Неъматов, соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада ва соҳиби се фарзанд мебошад. Маъруфтарин китобҳои вай "Давлати Сомониён" ва "Истаравшан" маҳсуб мешаванд.
Би-Би-Си