19:14:45 08-уми Июни 2025 сол

БОЗ ЯК КУШТАИ МИНА ДАР МАРЗ БО УЗБАКИСТОН

Дар пайи бархӯрд бо мина дар марз бо Узбакистон, Фурқат Мухторов, сокини рустои Ёрии ҷамоати Ёрии Панҷакент ҳалок гардид. Парвиз Мавлонқулов, раҳбари амалиётҳо дар маркази минрубии Тоҷикистон зимни таъиди ин хабар гуфт, ки Фурқати 29-сола ҳамроҳ бо бародар ва падараш ба мақсади тиҷорат марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ки дар натиҷа ба мина бархӯрда ва дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

 

minaБа гуфтаи Мавлонқулов, тафтишоти ин ҳодиса тавассути мақомоти ноҳияи Панҷакент ҷараён дорад. Тибқи иттилои масъулони Маркази минрубии Тоҷикистон, дар соли 1999 низ як ҳодисаи бархӯрд бо мина дар деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент иттифоқ афтода буд, ки дар натиҷа яке аз сокинони ин русто ба ҳалокат расид. Аммо кушта шудани як сокини рустои Ёрии ноҳияи Панҷакент нахустин ҳодисаи бархӯрд бо мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар соли ҷории мелодӣ аст.

 

Бар асоси гузориши Маркази минрубии Тоҷикистон, теъдоди ҷабрдидагон аз мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ба 829 нафар расидааст, ки аз он 363 нафарашон кушта шуда ва бақия ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Ниҳодҳои марзбонии Узбакистон дар соли 1999 ба мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ ба қаламрави кишварашон марз бо Тоҷикистонро минагузорӣ карданд. Аммо то ҳол аз ин шаҳрвандони оддии Тоҷикистону Узбакистон талаф мебинанд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854