19:32:17 08-уми Июни 2025 сол

САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР АЗ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС ДИДАН КАРД

10-11-уми феврали соли ҷорӣ Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Тревор Мур дар якҷоягӣ бо кормандони сафорат аз ноҳияи Шаҳритус дидан кард. Рӯзи 10-ми феврал, сафир бо  раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷумахон Сафаров вохӯрд. Дар рафти сӯҳбат фаъолияти рӯзмарра ва масъалаҳои муҳими рушди ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

safirҶаноби Сафаров оид ба мушкилоти рӯзмарраи ноҳия, аз қабили масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ибрози ақида намуд. Раиси ноҳия миннатдории хешро аз ташрифи Сафири Британияи Кабир ба ноҳия баён намуда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор кард. Аз ҷониби  хеш, Сафир низ изҳор намуд, ки имкониятҳои хубе барои ҳамкориҳои оянда мавҷуданд. Ӯ қайд намуд, ки “Ҳукумати Британия ба рушди муносибатҳои тиҷоратии  миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳавасманд аст”.

 

Худи ҳамон рӯз, ҷаноби Тревор Мур бо намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия низ вохӯрӣ ба анҷом расонид. Дар рафти сӯҳбат, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ доир ба самтҳои васеъи фаъолияти хеш дар ноҳия ахборот доданд.

 

Рӯзи 11 февраля  Сафири Британия Кабир инчунин ба идораи Барномаи рушди СММ дар ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Ӯ ҳамчунон бо лоиҳаи таъмири шабакаи обёрикунӣ ва барқараркунии ҷангалзорҳо, ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ амалӣ мегардад шинос гардида, аз беморхонае, ки дар деҳаи дурдасти Айвоҷ воқеъ гардида буд, дидан намуд.

 

Сафири Британияи Кабир дар идомаи сафар ба мавзеи таърихии Хоҷамашҳад низ ташриф овард. Ҳангоми бозгашт ба Душанбе Сафир дар Қӯрғонтеппа бо як гурӯҳ хабарнигорон вохӯрӣ намуда, ба фаъолияти ширкати бритонии «Вейкфилд инспекшн сервис» (Wakefield Inspection Services), ки ба муайян намуди сифат ва навъи пахта машғул аст, ошно гардид.

 

“Рӯзгор”

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4462-safiri-britaniyai-kabir-az-shahritus-didan-kard.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854