ПЕШНИҲОДИ ТАҒЙИР ДАР КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТӢ
Раисҷумҳур ба порлумон пешниҳод кард, ки Мирзоалӣ Болтуев аз раҳбарии КМИР бозхонда шавад. Бино бар хабари торнамои раисҷумҳур, пешниҳод бар он асос ёфтааст, ки раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиҳо (КМИР) Мирзоалӣ Болтуев бознишаста мешавад. Ин манбаъ меафзояд, Мизроб Кабиров, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва ду узви ин комиссия - Низомиддин Зоҳидов ва Саймурод Тағоев низ бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ сабукдӯш хоҳанд шуд.
Ваколати узви дигари ин комиссия Бобоҷон Лақаев ба сабаби фавти ӯ поён ёфтаасст. Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагонро пешниҳод кардааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли гузашта аз ҳавзаи Синои пойтахти Тоҷикистон ба унвони вакил интихоб шуда буд. Ба вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ пешниҳод шудааст.
«Озодӣ»