19:01:52 08-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ВАҲДАТ

Як сокини ноҳияи Ваҳдат, дар шарқи шаҳри Душанбе, ба иттиҳоми паноҳ додан ба Иброҳим Насриддинов, мулаққаб ба "Қорӣ Иброҳим", як зиндонии фирорӣ, боздошт шудааст.

 

Хабаргузории маҳаллии "ASIA-Plus" аз қавли як манбаъи интизомӣ навиштааст, ки фарди боздоштшуда сокини яке деҳоти ҷамоъати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат буда ва 49 сол доштааст. Боздошти ӯ 21 феврал сурат гирифтааст. Ин манбаъ аз худ ном набурда, вале гуфтааст, ки ин фард рӯзи 24 августи соли гузашта, як рӯз пас аз фирори зиндониён аз боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба яке аз фирориён дар манзили худ паноҳ дода ва дар ин бора ба маъмурони интизомӣ хабар надодааст.

 

Ҳамакнун алайҳи ин фард ба иттиҳоми хабар надодан ба пулис аз ҷурм парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Рӯзи 23 августи соли гузашта 25 зиндонӣ бо куштани дастикам панҷ зиндонбон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе ва дар маҳалле наздик ба манзили раиси ҷумҳурии ин кишвар, фирор карданд.

 

Дар миёни зиндониёни фирорӣ панҷ шаҳрванди Русия, чаҳор табаъаи Афғонистон, ду шаҳрванди Ӯзбакистон низ буданд. То кунун маъмурони давлатӣ 12 нафар аз зиндониёни фирорӣ, аз ҷумла Иброҳим Насриддиновро, дастгир кардаанд. Се нафар ҳам дар пайи муқовимат бо нерӯҳои давлатӣ кушта шудаанд ва аз даҳ тани дигар ҳануз ҳам асаре нест.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854