МУЗДИ КОРИ КӢ КАМ ВА АЗ КӢ ЗИЁД?
Музди кори яксолаи кормандони соҳаи истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва ғайриистеҳсолӣ ҷамъбаст гардид. Дар соҳаи истеҳсоли неъматҳои моддӣ дар моҳи декабри соли 2010 ҳаққи меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва ҷангал нисбат ба дигар соҳаҳо камтар буда, мутаносибан 151, 218 ва 281 сомониро ташкил дод. Соҳаҳои номбурда дар моҳи январи соли 2011 бо сабабҳои гуногуни истеҳсолӣ маоши боз ҳам камтар гирифтанд.
Музди кори аз ҳама баланд дар соҳаи алоқа – 1441 сомонӣ, дар соҳаи сохтмон 1108, дар соҳаи нақлиёт 993 ва дар соҳаи саноат 729 сомониро ташкил дод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар моҳи декабри соли 2010 музди миёнаи кор 437 сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба моҳи декабри соли 2009 ба андозаи 21 фоиз бештар аст. Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ музди миёнаи кори кормандони молия аз ҳама зиёд аст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар моҳи декабри соли 2010 музди миёнаи кормандони молия 1878 сомониро ташкил додааст.
Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»