09:22:08 01-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ АФСАРИ КАМ-И ТОҶИКИСТОН БА 16 СОЛ ЗИНДОН

Як афсари нерӯҳои марзбонии КАМ-и Тоҷикистон барои гирифтани пора ва боздошти ғайриқонунии афрод ба 16 сол маҳкум шудааст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ахиран полковник Саймуддин Мирзоев, собиқ муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро барои гирифтани пора ва ва боздошти ғайриқонунии афрод ба мақсади ситонидани пора ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

 

arestБа гуфтаи Ожонси контроли амволи давлат ва мубориза бо фасод, полковник Саймуддин Мирзоев дар моҳи апрели соли гузашта ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ барои сарпӯш кардани ҷинояти қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси контроли амволи давлат ва мубориза бо фасод дар ин бора гуфт: «Муовини фармондеҳи нерӯи марзбонӣ Кумитаи амнияти миллӣ барои гирифтани пора дастгир шуда буд. Як бор 30 ҳазор доллар талаб карда буд, дуввум бор 15 ҳазор доллар, ки мо ӯро ҳангоми гирифтани пора дастгир кардем.»

 

Ҷаноби Саидов гуфт, ки ба ин ҷурм чанд тан аз афсарони нерӯҳои марзбонӣ дастгир шудаанд ва баррасии аъмоли онҳо давом дорад. Ҷаноби Саидов дар ин замина афзуд: «Барои аз худ кардани маблағҳои будҷа, сардори раёсати молии нерӯҳои марзбонӣ ва сардори молии ду қисми низомии ин нерӯро дар соли ҷорӣ дастгир кардем.»

 

Бино ба иттилои Ожонси контроли амволи давлат ва мубориза бо фасод, фасоди молӣ дар бахши маориф, саноату энержӣ, хадамоту ширкатҳои ҳавопаймоӣ, тандурустӣ ва ғайра бештар ба назар мерасад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ахиран декани донишгоҳи Қурғонтеппа, устоди донишгоҳи Хуҷанд барои гирифтани пора дастгир шуданд.

 

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, фасод дар хариду фурӯши замин барои сохтмони хона зиёд аст. Ба ҳамин далел аст, ки ахиран раиси ҷумҳур пешниҳод кард, ки барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ ва фурӯши ғайриқонунии замин, ки фасоди молиро ба дунбол дорад муҷозот шадидтар карда шавад. То ҳашт сол зиндон ва ё ситонидани ҷаримаи ҳангуфти молӣ.

 

Ин дар ҳолест, ки ин Ожонс дар соли гузашта 736 ҳодисаи сирқати амволи давлатӣ ба хусус маблағҳои будҷаро ошкор кардааст, ки аз он 116 ҳодиса барои гирифтани ришват таъид шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама талошҳои Ожонси контроли амволи давлат ва мубориза бо фасод, созмони байналмилалии «Transparency International» гуфтааст, ки дар мубориза бо фасод дар ин авохир дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддие сурат нагирифтааст ва ин созмон дар тавсеаи фасод дар миёни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар ҷои 178-ум қарор додааст.

 

Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4529-bozdoshto-afsari-kami-tojikiston-ba-13-sol-zindon.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854