МУСОДИРАИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР ҲАҶМИ МАХСУСАН КАЛОН
Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни баргузории силсилаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти амният аз гардиши ғайриқонунӣ даҳҳо килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла дар ҳаҷми махсусан калон, мусодира карданд. Хотиррасон кардан бамаврид аст, ки амалиёти якум дар асоси маълумоти фаврии тавассути сокинони ватандӯсту ватанпарвари кишвар дастрасгардида ба нақша гирифта шуд.
Ҳангоми баргузории он аъмоли ҷинояткоронаи гурӯҳи нашъаҷаллоби трансмиллӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе саривақт пешгирӣ гардида, аз онҳо 15 кг 876 грам маводи нашъадор, аз ҷумла ба миқдори калон - 13 кг 406 грам героин, мусодира карда шуд. Дар ҷараёни коркарди минбаъдаи маълумоти оперативӣ вобаста ба ҳодисаи мазкур, ки ба мусодираи маводи нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон дахл дошт, кормандони мақомоти амният чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро дар мавзеи хоҷагии «Моҳипарвар»-и ҷамоати Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ идома доданд.
Аз ҷумла, маълумот гирифта шуд, ки гурӯҳи қочоқчиён тавассути сарҳади Афғонистону Тоҷикистон нақшаи ба кишвари мо интиқол додани маводи нашъадорро кашидаанд. Дар натиҷаи амалиёти мушаххас кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳадафҳои душманонаи дастаи қочоқчии трансмиллиро барбод доданд. Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона қисме аз қочоқчиён ба самти Афғонистон фирор карда, дар ҷойи ҳодиса ҷасади шаҳрванди ҶИА Мавлавӣ валади Муҳаммад дар байни қочоқчиён «маъруф» бо номи Ҳоҷӣ Акбари Муҳаммад дарёфт гардид.
Ҳангоми азназаргузаронии макони воқеа ҳамчунин, 7 борхалта пайдо ва мусодира карда шуд. Ташхис нишон дод, ки дар борхалтаҳо 96 килограм маводи нашъадор, аз ин миқдор 93 килограм маводи чарс ва 3 килограм маводи сахттаъсири героин ҷойгир карда шудааст. Дар баробари ин, кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар даҳрӯзаи аввали моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ боз як амалиёт гузарониданд. Дар натиҷа аз пинҳонгоҳи махсус 15 килограму 665 грам маводи нашъадори чарс, 1 таппонча бо тирдон ва 8 адад тирҳояш дарёфт ва мусодира гардид.
Рӯзи 12 феврал бошад, ҳангоми баргузории амалиёти махсус дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод кормандони амният аз шаҳрванди Афғонистон - аъзои фаъоли гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллоб Муҳаммад Алӣ валади Маҳмадназар «маъруф» бо тахаллуси «қорӣ Муҳаммад Алӣ», соли таваллудаш 1985, зодаи вилояти Қундуз, ки худаш дар ҷараёни амалиёт нобуд карда шуд, 7 килограму 75 грам маводи сахттаъсири героинро мусодира намуданд.
Ҳамчунин, рӯзи 17 - уми феврал баъди гирифтани маълумоти фаврӣ дар хусуси додугирифт ва интиқоли маводи нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон, ҷараёни минбаъдаи ҳаракати ҷиноятии гурӯҳи нашъаҷаллоб таҳти назорати махсус қарор дода шуд. Худи ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди мавзеи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб автомошинаи боркаши тамғаи КАМАЗ, рақами давлатиаш ЕС 8739 01 РТ аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар боздошт гардид. Дар ҷараёни азназаргузаронии воситаи нақлиёти мазкур аз даруни пинҳонгоҳи махсус, ки дар қисмати болои бордони автомошина сохта шудааст, 81 адад бастаҳо дарёфт ва мусодира гардид.
Ташхиси минбаъда муайян кард, ки дар дохили 22 баста - 21 килограму 730 грам героин, 38 баста - 33 килограму 326 грам чарс, 21 баста - 23 килограму 95 грам афюн ҷойгир карда шудааст. Вазни умумии маводи нашъадори мусодирагардида 79 килограму 8 грамро ташкил дод. Ҳамин тавр, аз аввали соли равон кормандони мақомоти амнияти миллӣ фақат ҳангоми як амалиёт дар ҷумҳурӣ ба андозаи махсусан калон маводи нашъадор, аз ҷумла қариб 22 килограм героинро мусодира намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар давоми моҳҳои январ-феврали соли 2011 танҳо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 263 килограм маводи нашъадорро мусодира намуданд, ки аз ин миқдор 52 килограмро маводи сахттаъсири героин, 184 килограмро бангдона, 25 килограмро афюн ва дигар намуди маводи мухаддир ташкил медиҳад. Айни замон аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои зикргардида парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст ва тафтишот давом дорад.
Ҳамзамон, дар асоси таҳлили мақомоти амнияти миллӣ вазъияти оперативӣ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор маълум мешавад, ки теъдоди муайяни шаҳрвандон дар ҳамдастӣ бо иддае аз «меҳмонони нохонда»-и хориҷӣ ба интиқол ва харидуфурӯши ин маводи маргпош машғул гардида, амнияту ваҳдат, фазои сулҳу оромӣ ва якпорчагии марзу буми Ватанро зери хатар мегузоранд.
Имрӯз самаранокии мубориза бар зидди ҷинояткорон аз масъулияти шахсии ҳар як сокини ғаюру баномус ва меҳанпарасти ҷумҳурӣ вобастагии қавӣ дорад. Дар навбати худ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омодагии доимии хешро барои ҳамкории дуҷониба бо аҳолӣ иброз менамояд.
Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4530-musodirai-mavodi-nashador.html