22:29:22 08-уми Июни 2025 сол

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ЛИБИЯРО ТАРК МЕКУНАНД

Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, 13 тан аз донишҷӯёни тоҷик аз Либия берун шуда, ба Киев рафтаанд. Дар ин бора консули сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира Музаффар Муҳаммадӣ хабар дод.

 

2011Вале расонаҳои Украина аз бозгашти понздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон аз Либия ба Киев иттилоъ додаанд.  Ба навиштаи ин расонаҳо, ҳавопаймои Вазорати дифои Украина, дар қатори 122 шаҳрванди ин кишвар, 15 шаҳрванди Тоҷикистон, 31 шаҳрванди Узбакистон, 7 шаҳрванди Русияро низ овардаанд. Бо ин ҳол, Музаффар Муҳаммадӣ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, як гурӯҳи дигари донишҷӯёни тоҷик, ки дар Троблус ё Триполӣ, маркази Либия, боқӣ мондаанд, тавассути ҳавопаймо ба Русия фиристода хоҳанд шуд.

 

Ба гуфтаи ӯ, як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзе қабл ба Қоҳира омада ва бо ҳамсари худ, ки шаҳрванди Сингапур будааст, ба он кишвар рафтааст. Консули сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, аммо онҳо натавонистаанд бо он тоҷиконе, ки дар Бенғозӣ ҳастанд, тамос бигиранд.

 

Тоҷикистон дар Либия намояндагии расмӣ надорад ва ин вазифаро ҳоло сафорати Тоҷикистон дар Миср анҷом медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, расман дар бораи ҳузур ва таҳсили 21 шаҳвранди Тоҷикистон дар Либия хабар доранд, ки қисмати аслии онҳо донишҷӯёни донишгоҳи исломии "Аддаъва" ҳастанд.

 

Дар пайи даргириҳои хунини ҷонибдорон ва мухолифони Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Русия барои берун овардани шаҳрвандони худ кӯмак хоста буданд.  То кунун аз осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Либия хабаре нарасидааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4537-shahrvandoni-tojikiston-libiyaro-tark-mekunand.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854