ВАЗИФАИ НАВИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Рустами Эмомалӣ раҳбари Бахши ташкили мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Тоҷикистон таъйин шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба “Озодӣ” хабар дода гуфтанд, ки фарзанди раисҷумҳур дар ин вазифа Амирхон Ибодовро иваз кардааст.
Як масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумрук гуфт, Амирхон Ибодов ба далели бознишаста шуданаш аз мақоми худ канор рафтааст. Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ ба ин мақом ҳафтаи гузашта таъйин шуда, субҳи имрӯз дар ҷаласаи кормандони Хадамоти гумрук низ иштирок кардааст. Писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон дар матбуот асосан ҳамчун сарпараст ва ҳамлагари тими футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе муаррифӣ мешавад.
Вай 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси "Муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ" хатм кардааст. Ҳоло шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав мебошад. Рустами Эмомалӣ ҷонишини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, моҳи феврали соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе интихоб шудааст.
Вай сардори раёсати бозаргонии Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё ва муовини раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон низ мебошад. Рустами Эмомалӣ ягона фарзанди президент Эмомалӣ Раҳмон нест, ки исмаш дар саҳнаи сиёсат дар Тоҷикистон гирифта мешавад. Озода Раҳмонова, духтари раисҷумҳур, низ ҳоло муовинии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4546-vazifai-navi-rustami-emomali.html