18:24:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВУҚӮЪИ ДУ ИНФИҶОР ДАР ДУШАНБЕ

Пулиси Тоҷикистон аз вуқӯъи ду инфиҷор дар ду маҳал дар маркази ин шаҳр хабар дод.

Ба гуфтаи манобеъи пулис, яке аз ин инфиҷорҳо дар маҳалле наздик ба фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва инфиҷори дигар дар назди меҳмонхонаи "Тоҷикистон", аз маконҳои аслии буду боши гардишгарони хориҷӣ, иттифоқ уфтодааст. Гуфта мешавад инфиҷори аввал ҳаволии соъати даҳи шаби гузашта ва инфиҷори дувум наздик ба соъати сеи бомдод рух додааст. Аммо аз ҳеч гуна талафоти ҷонӣ ё осебе дар ин инфиҷорҳо гузориш нашудааст.

Бархе аз сокинон дар маҳаллоти наздик ба фурӯдгоҳ мегӯянд, ки аз шиддати инфиҷор панҷараҳои манозилашон ба ларзиш даромадааст. Далоили ин инфиҷорҳо маълум нест ва ҳеч гурӯҳе ҳануз масъулияти онро ба уҳда нагирифтааст. Манобеъи пулис ба таҳқиқи ин ҳаводис машғуланд. 

Аммо ахиран пулис аз боздошти се нафар дар Бадахшон, ки гуфта мешуд аз аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ҳастанд, ва кашфи миқдоре васоил ва маводди мунфаҷира, хабар дода буд.

Ин созмон дар феҳристи гурӯҳҳо ва созмонҳои муртабит бо Алқоъида ва Толибон қарор дорад ва фаъолияти он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ аст. Зимнан, ин инфиҷорҳо дар остонаи дидори чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон, Русия ва Покистон сурат мегирад.

Ин дидори чаҳорҷониба 28-30 июл дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд ва интизор меравад дар он масоили амниятии минтақа, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистону Покистон ва таъсироти он бар вазъи Осиёи Миёна, баррасӣ шавад.

Бархе аз коршиносони минтақа мегӯянд, ки эҳтимолан ҳадаф аз ин инфиҷорҳо мухтал кардани дидори чаҳорҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Дмитрий Медведев ва Осиф Алӣ Зардорист.

Ин дидор дар ҳоле баргузор мешавад, ки кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия бо НОТУ ва Омрико бо тронзити колоҳои ғайринизомӣ аз тариқи қаламрави худ ба нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон мувофиқат кардаанд.

Вале ин тавофуқот хашми гурӯҳҳои шӯришии Толибон ва Алқоъида дар Афғонистон ва Покистонро барангехта ва Абдулсовит Муътасим Оғо, раҳбари Кумитаи сиёсии Толибон, дар авосити моҳи май кишварҳои минтақаро аз ҳамкорӣ бо Ғарб ҳушдор дода буд.

Ин намояндаи Толибон бавижа Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки аз ҳамкорӣ бо Омрико ва НОТУ худдорӣ кунад, вагарна "ин кишвар бо ноамнӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои пулиси Тоҷикистон имкони нуфузи афроди вобаста ба Толибон ва Алқоъида аз Афғонистон ва Покистон ба қаламрави Тоҷикистонро баъид намедонанд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 22 июл дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба душвории муроқибат аз қисматҳое аз марз бо Афғонистон гуфта буд, ки дар пайи тақвияти амалиёти нерӯҳои эътилофӣ ва бо таваҷҷуҳ ба интихоботи Афғонистон имкон дорад бархе аз "теруристҳо" ба Осиёи Миёна паноҳ бубаранд.

Оқои Қаҳҳоров аз боздошти чаҳор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон пас аз убур аз марз хабар дод, ки эҳтимолан ин афрод низ ба гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон муртабит ҳастанд.

Пеш аз ин, аз чанд мавриди даргирӣ дар Тавилдара, дар шарқи Тоҷикистон, гузориш шуда буд. Мақомот фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин минтақаи кӯҳистониро ба Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон муртабит хонда буданд. Тайи чанд соли гузашта давлатҳои Осиёи Миёна аз мавориди мухталифи боздошт ва маҳкумияти фаъолони ин гурӯҳ хабар додаанд.

Зимнан, дар авосити соли 2007 аз инфиҷорҳое дар назди сохтмони Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе гузориш шуда буд, ки талафоте дар пай надошт.

Мақомот баъдтар гуфта буданд, ки дар инфиҷори назди Додгоҳи олӣ ниҳодҳои амниятии Ӯзбакистон, кишвари ҳамсоя, ки равобити гарме бо Тоҷикистон надорад, даст доранд.

ББС



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi