20:46:58 20-уми Майи 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ ЯК МАЪМУРИ ГУМРУК БА 12 СОЛИ ЗИНДОН

Додгоҳ як масъули собиқи гумруки Тоҷикистонро барои тақаллубкорӣ барои 12 сол равонаи зиндон кард. Ҷамшед Фақеров, ки як узви Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон аст, дар тақаллуб дар ҷараёни ифои вазифаи раиси дидбонгоҳи гумрукии мавсум ба “Айнӣ” муттаҳам шудааст.

coutr_shahmansurОқои Фақеров соли 2009 мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифта ва дар Укройн боздошт ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Малоҳат Домуллоҷонова, қозии ин парванда дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 4 апрел дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки додситонӣ оқои Фақеровро ҳамчунин дар сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва сирқат муттаҳам карда буд.

Вале дар додгоҳ далоили кофӣ барои ин ду иттиҳоми ахир ироа нашудааст ва таҳқиқи ин иттиҳом идома дорад. Вале, ба гуфтаи хонум Досуллоҷонова, 18 мавриди тақаллубкорӣ аз сӯйи ин маъмури Идораи гумрук собит шудаанд. Ҷамшед Фақеров аз моҳи январ то моҳи сентябри соли 2009 дар симати раиси дидбонгоҳи гумрукии мавсум ба “Айнӣ” ё терминоли гумрукӣ ифои вазифа кардааст.

Вале дар пайи бозрасии фаъолияташ чанд мавориди нақзи қавонин ошкор шуда ва ба гуфтаи хонум Доммулоҷонова, баъд аз ин оқои Фақеров аз Тоҷикистон фирор кардааст. Баъд аз мавриди пайгарди қонун қарор гирфитани оқои Фақеров, вай дар Укройн боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.Клик

Малоҳат Домуллоҷонова мегӯяд, оқои Фақеров дар замони ифои вазифа ҳамчун раиси дидбонгоҳи гумрукӣ барои ба “расмият даровардани коло ва маводди воридотӣ аз тоҷирон маблағи бештар гирифта ва ба будҷети кишвар танҳо қисме аз ин маболиғро пардохт мекардааст.”

Хонум Домуллоҷонова афзуд, ки дар маҷмӯъ оқои Фақеров аз роҳи тақаллуб беш аз чиҳил ҳазор сомониро аз худ кардааст. Ба гуфтаи қозии ин парванда, Ҷамшед Фақеров дар ҷараёни муҳоқимаи додгоҳӣ куллия иттиҳомти ворида алайҳи худро рад кардааст.

Талошҳои мо барои дарёфти изҳори назари вукалои мудофеъи Ҷамшед Фақеров бенатиҷа анҷомид, вале ба гуфтаи хонум Домуллоҷонова, онҳо дар сададанд аз ҳукми додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят бубаранд. Додгоҳи маъмурони гумрук дар Тоҷикистон падидаи тозае нест, зеро дар чанд соли ахир теъдоде аз кормандони ин ниҳод бо иттиҳомоти мухталиф равонаи зиндон шудаанд.

Вале дар парвандаи Ҷамшед Фақеров, ба ҷузъ аз ин ки ӯ узви Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон будааст, чанд нуктаи дигари ҷолиби диққат вуҷуд дорад. Аз ҷумла гуфта мешавад, замоне ки вай аз симмати худ дар Идораи гумрук барканор шуда буд, ӯ чаҳор маротиба ба додгоҳ шикоят карда ва дар ниҳоят дубора дар симаташ бақарор шуда буд.

Гузашта аз ин, чанд соле қабл, замоне, ки дар Тоҷикистон истифода аз худравҳои шишасиёҳ мамнуъ буд, маъмурони пулис оқои Фақеровро барои сиёҳ кардани шишаи утумубил ҷарима карда буданд, вале Ҷамшед Фақеров дар ин замина алайҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят карда ва дар додгоҳ собит карда буд, ки ин амали маъмурони пулиси роҳ дар қиболи вай ғайриқонунӣ буд ва тавонист бо ҳукми додгоҳ сӣ ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ дарёфт кунад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ