20:43:35 20-уми Майи 2025 сол

"26 НАФАР ДАР МАРОСИМИ ҶАНОЗА ДАР СУРИЯ КУШТА ШУДААНД"

Мудофеъони ҳуқуқи башари сурӣ мегӯянд нерӯҳои амниятӣ 26 нафарро дар шаҳри ҷанубии Диръо куштаанд. Гуфта мешавад ин афрод замоне кушта шуданд, ки дар маросими хоксупории тазоҳуркунандагони кушташуда дар даргириҳои гузашта ширкат мекарданд.

Созмони миллии Ҳуқуқи Башар дар Сурия гуфт нерӯҳои амниятӣ барои мутафарриқ кардани тазоҳуроти мусолиматомез аз хушунат истифода кардаанд. Мақомоти Сурия дар мавриди гузоришҳои ахир дар бораи кушта шудани афрод изҳори назаре накардаанд.

Маросими тадфин барои хоксупории ҳудуди сӣ нафар, ки дар нооромиҳои шаҳри Даръо ва рустоҳои ҳамҷавори он кушта шуда буданд, баргузор шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ