04:13:16 02-уми Июли 2025 сол

САЛИМЗОДА: САЙДУЛЛО ПИРОВРО КУШТА БУДАНД

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар қиболи марги раҳбари бахши аманияти дохилии вазорати умури дохила сарҳанг Сайдулло Пиров тибқи банди 104-уми Қонуни ҷиноӣ (куштор) парванда боз шудааст.

Сайдулло Пиров рӯзи 5 феврал дар меҳмонхонаи «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд ба таври мармуз даргузашт. Қаблан дар мавриди марги ӯ фарзияҳои мухталиф – аз худкушӣ то сактаи қалб – оварда мешуд. Шерхон Салимзода бидуни ҷузъиёти зиёд гуфт, иттилоъи комилро дар ин бора танҳо баъд аз анҷоми тафтиш ба хабарнигорон хоҳанд гуфт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ