10:39:35 01-уми Июли 2025 сол

МУҲОКИМАИ ФАРЗАНДИ БОБОХОНОВ БА ТАЪВИҚ УФТОД

Оғози муҳокимаи Файзулло Бобохонов, писари додситони кулли пешини Тоҷикистон, ба таъвиқ уфтод. Қарор буд рӯзи сешанбеи 12 апрел муҳокимаи оқои Бобохонов дар Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шавад.

courtВале қозии парванда эълом кард, ки ба далели ҳозир нашудани Шоҳрух Нуралиев, маъмури додситонии ноҳияи Ҳисор, ки шомили ин парванда аст, муҳокимаи Файзулло Бобохонов рӯзи 14 апрел баргузор хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи манобеъи додгоҳӣ, масъулони конвой ё афроде, ки барои интиқоли афроди боздоштшуда ба додгоҳ муваззаф шуда буданд, бояд оқои Нуралиевро, ки замоне дар гузашта дар додситонии ноҳияи Ҳисор ифои вазифа мекард, низ ба додгоҳ меоварданд.

Вале ба далоили норӯшан масъулони боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иҷозаи интиқоли оқои Нуралиевро надодаанд. Зимнан, Файзулло Бобохонов дар боздоштгоҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ки дар ҳавлии Додгоҳи олӣ ҳузур дошт, хеле асабонӣ ба назар мерасид ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Қозии парванда ва вакили мудофеъи Файзулло Бобохонов аз ироаи ҷузъиёти иттиҳомот алайҳи писари додситони кулли пешин худдорӣ карданд.

Зимнан, Файзулло Бобохонов, ки дар замони додситони кул будани падараш додситони ноҳияи Ҳисор буд, соли гузашта аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, он замон дар як нишасти матбуъотӣ гуфта буд, ки Файзулло Бобохонов ба иттиҳоми даст доштан дар ришваситонӣ ва сӯиистифода аз мансабаш боздошт шудааст.

Ҳамчунин, гузориш шуда буд, ки оқои Бобохонов дар боздошт ва зиндонӣ шудани афроди бегуноҳ низ даст доштааст. Фаттоҳ Саидов дар яке аз мусоҳибаҳои матбуъотии худ иддаъо дошт, ки куллияи иттиҳомот алайҳи Файзулло Бобохонов "таъйид шудаанд."

Ба унвони мисол, вай гуфта буд, ки дар авоили моҳи майи соли гузашта як раиси ҷамоъат дар ноҳияи Ҳисор ба Ожонси мубориза бо фасод шикоят кардааст, ки маъмурони додситонии ин ноҳия ӯро ба таври ғайриқонунӣ боздошт карда ва аз ӯ 20 ҳазор дулор ришва ситондаанд. Ожонси мубориза бо фасод дар ин ҷиноят Файзулло Бобохоновро мазнун донистааст.

Дар моҳи августи соли гузашта бо дархости Ожонси мубориза бо фасод амволи Файзулло Бобохонов забт (арест) шуд. Тибқи иттилоъи ин ниҳод, чанд маскан дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор ва шаҳри Қурғонтеппа, се худрави “Лексус” ва “Тойота-кемри” шомили ин амвол будааст.

Файзулло Бобохонов соли 2005 бо фармони падари худ, ки он замон Додситони кулли Тоҷикистон буд, ба симати додситонии ноҳияи Ҳисор таъйин шуд. Ҳарчанд ба гуфтаи соҳибназарон, ин амр бо қавонини Тоҷикистон муғоир будааст. Бо ин вуҷуд, Файзулло Бобохонов то баҳори соли гузашта дар ин симат ифои вазифа кард ва танҳо баъд аз барканории падараш аз симати додситонии кул, мавзӯъи барканории худи вай низ матраҳ шуд.

Барканории Бобоҷон Бобохонов аз симати Додситони кулли Тоҷикистон дар баҳори соли гузашта низ то андозае ғайримунтазира ба назар мерасид. Зеро то синни бознишаста шудани вай боз ду моҳ боқӣ монда буд ва тибқи қоъида, маъмулан мансабдорон баъд аз таҷлил аз ҷашни мавлудашон аз симатҳои худ барканор мешаванд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ