11:40:12 01-уми Июли 2025 сол

65 ПАРВАНДАИ "ЗАМИНФУРӮШӢ" ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ 65 парвандаи ҷиноӣ дар қиболи афроде, ки дар масоили фурӯши замин ва истифодаи ғайримуассир аз он ба қонуншиканӣ даст задаанд, боз шудааст.

Шерхон Салимзода мегӯяд, ки дар робита бо қазияи тахриби манозили маскунӣ дар маҳаллаи "Якуми Май"-и ҷамоъати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ду муъовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз симатҳояшон барканор ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин оғоз шудааст.

Аммо оқои Салимзода дар як нишасти хабарӣ афзуд, ки сокинони ин маҳалла низ дар нақзи қонуни замин, яъне бунёди манозил дар заминҳои кишоварзӣ гунаҳкор ҳастанд. Вай афзуд: "Бештари ин сокинон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба сар намебаранд ва аз ин рӯ, ҳаққи бунёди манозил дар ин минтақаро надоштанд."

Оқои Салимзода гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба таъмини маводди ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон ва камбуди заминҳо барои кишоварзӣ, "беҳтар буд, ки манозил дар манотиқи берун аз заминҳои кишоварзӣ, яъне дар теппаҳо бунёд шаванд."

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ҳар фард новобаста ба мақом ва ё ҷойгоҳаш дар ҷомеъа дар сурати даст задан ба нақзи қонун ба маҳкама кашида хоҳад шуд. Аммо бештари сокинони маҳаллаи Қӯштеппа бар ин ақидаанд, ки заминҳои худро ба таври қонунӣ харидаанд ва тахриби манозили онҳо нақзи ҳуқуқи онҳо ба манзил маҳсуб мешавад.

Маҳаллаи "Якуми Май"-и ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи ҷануби шаҳри Душанбе ва дар канори чапи рӯдхонаи Варзоб воқеъ аст ва замине, ки ҳудуди 80 хонавода дар он манозили маскунӣ бунёд кардаанд, дар солҳои 2005 ва 2006 ба ин сокинон дода шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ