СЕ МАВРИДИ ХУДКУШӢ ДАР АРТИШИ ТОҶИКИСТОН
Як мақоми додситонии низомии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар артиши ин кишвар се мавриди худкушии сарбозон рух додааст. Ҳабибуллоҳ Саидов, муъовини додситони низомии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба ду ҳодиса, парвандаҳои ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онҳоро кормандони додситонӣ анҷом медиҳанд.
Ҳарчанд оқои Саидов сабаби даст задани сарбозонро ба худкушӣ мушаххас накард, вале вай афзуд, ки яке аз ин парвандаҳо барои баррасӣ равонаи додгоҳ шудааст. Ҳамчунин ин масъули додситонии низомӣ дар мавриди кушта шудани ду нафар марзбон дар ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ки таҳқиқоти муқаддамотии кормандон ҳокӣ аз “ҳодисаи тасодуфӣ” будани ин қазия будааст. Ва ба гуфтаи оқои Саидов таҳқиқоти он ҳанӯз то ба охир нарасидааст.
Як ҳафта қабл дар қисми 6-и нерӯҳои сарҳадии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, воқеъ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон масъулин гуфтаанд як марзбон ба ҳангоми иҷрои фармоне иштибоҳан марзбони ҳамроҳи худро кушта ва сипас худкушӣ кардааст. Бозрасони ин ҳодиса он замон гуфта буданд, ки " яке аз ин ду сарбоз ҳангоми аз назар гузаронидани худкори “Калашников”, саргарми сӯҳбат шуда ва ба сарбози дувум тасодуфан тир кушодааст.
Дар ҳамин ҳол гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокист, ки дар артиши Тоҷикистон мавориди азияту озори тозасарбозон аз сӯйи афсарон ва сарбозони собиқадор ҷой доштааст. Дар бархе аз ин маворид ин падидаи номатлуб мунҷар ба худкушии сарбозон мешавад. Ҳамчунин мавориде низ будааст, ки тозасарбозони азиятшуда барои дифоъ аз худ аз силоҳ ба озордиҳандагони худ тир кушодаанд.
Би-Би-Си