08:07:35 09-уми Июни 2025 сол

5 САРБОЗИ НАТО ВА 4 САРБОЗИ АФҒОН КУШТА ШУДАНД

Мақомоти НАТО мегӯянд, ки имрӯз як бамгузори интиҳорӣ дар пойгоҳи низомӣ дар шарқи Афғонистон 5 сарбози нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятиро ба қатл расондааст.

Низомиёни Афғонистон ҳам гуфтаанд, ки дар ин бамгузорӣ 4 сарбози онҳо низ кушта шудаанд ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст.

Генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ-сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, бамгузори интиҳорӣ дар тан либоси низомии артиши Афғонистон ба даромадгоҳи пойгоҳи муштарки нируҳои байналмиллалӣ ва Афғонистон дар Лағмон наздик шудааст ва худро мунфаҷир сохтааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854