02:44:04 01-уми Июли 2025 сол

ФИРОРИ 2 ТАН АЗ АЪЗОИ ГУРӮҲИ МУЛЛО АБДУЛЛО

ВУД-и Тоҷикистон эълон кард, ки ду тан аз аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло зинда монда ва аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷараёни ин амалиёт ба ҷуз аз Мулло Абдулло инчунин 16 нафар аз ҳамроҳони ӯ низ кушта шудаанд. Бино ба маълумотҳо, аксари аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло сокинони ноҳияи Нуробод ва ҷамоати Самсолиқ будаанд.

vodii rashtАз ҷумла дар миёни аъзои гурӯҳи кушташуда аз Сулаймоншо Маҳмадшоев, Аёмиддин Маннонов, Манучеҳр Маннонов, Давлат Нуриддинов, Муҳаммади Давлатҷон, Маҳдӣ Шарипов, Лутфулло Муродов, Меъроҷиддин Муродов, Мирзоаҳмад Маҳмадов, Лутфуллои Неъмат, сокинони Нуробод, Саидаброр Азизов сокини Душанбе, Қурбон Обидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳамрохон Эргашев, сокини Кӯлоб ва Фахриддин Кокулов, сокини Қурғонтепа, ки аз боздоштгоҳи КДАМ фирор карда буд, ном бурда мешавад.

Муовини вазири корҳои дохилӣ Саидхон Ҷӯраев мегӯяд, ки яке аз аъзои ин гурӯҳ бо номи Мирхуҷа Шарифов боздошт шудааст ва дар ҳоли ҳозир баёнот медиҳад. Ба гуфтаи мақомот, ин аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло муқовимат карда ва як сарбози Горди миллӣ бо номи Сафаралӣ Ғаниевро куштааст.

Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи ду узви аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло, ки аз ҷои амалиёт тавонистаанд фирор кунанд, идома дорад. Инчунин мақомот талош доранд, ки манобеъи таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳ бо маводи ғизоиро низ муайян кунанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ