08:08:51 09-уми Июни 2025 сол

КАШФИ 194 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР ДАР МАРЗ

КДАМ-и Тоҷикистон мегӯяд дар натиҷаи як амалиёти вижа, миқдори зиёди маводи нашъовар кашф ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев, масъули Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ин амалиёт рӯзи 20-уми апрел дар деҳаи наздимарзии «Хоҷагии моҳипарвар»-и ҷамоати Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сурат гирифтааст.

gerainИн манбаъ афзуд, дар ин амалиёти вижа, ки зидди гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир иборат аз шаҳрвандони Афғонистон ва Тоҷикистон гузаронида шуд, аз автомошинаи шаҳрванд Иброҳим Азизов, зода ва истиқоматкунандаи шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ ва ҳамсафараш Раҷабалӣ Тағоев, зода ва истиқоматкунанди деҳаи Чорбоғи чамоати Панчоби Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 42 кило маводи чарс дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Бӯриев, ҳангоми идомаи амалиёт аз манзили истиқоматии Азизов Иброҳим иловатан боз 59 кило чарс, як автомати "Калашников" бо тирдону тирҳояш, 2 камони шикорӣ дарёфт ва мусодира гардидааст. Нозирҷон Бӯриев мегӯяд, дар як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии дигар дар ҳудуди ноҳияи Фархор, кормандони мақомоти амният 48 килограм маводи нашъадорро мусодира намуданд.

Вай афзуд, дар натиҷаи ин ду амалиёт ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муяссар гардид, ки аз гардиши ғайриқонунӣ қариб 150 килограм маводи нашъадорро мусодира намоянд. Ба гуфтаи ин манбаъ, айни замон нисбати ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва тафтишот давом дорад. Дар ҳодисаи мушобеҳ, кормандони Оҷониси назорати маводи мухаддир, аз  қочоқи миқдори зиёди маводи нашъаовар аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намудаанд.

Ба гуфтаи ин Оҷонс, дар натиҷаи амалиёти кормандони ин ниҳод, як шаҳрванди 19-солаи Афғонистон,  дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон боздошт шуд, ки аз ӯ беш аз 45 килограм маводи нашъаовар мусодира шудааст. Ба гуфтаи Оҷонс, дар нисбати ин қазияи низ парванда боз шуда тафтишот идома дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854