МАҲКУМИЯТИ 11 УЗВИ ҲИЗБУТТАҲРИР ДАР СУҒД
Додгоҳи вилояти Суғд, 11 узви Ҳизбуттаҳрир, созмоне, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ маҳсуб мешавадро аз 3 то 20 сол равонаи зиндон кардааст.
Хабаргузории «Азия плюс» бо истинод ба манобеъи додгоҳи вилояти Суғд хабар дода, ки додгоҳ баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи 11 узви Ҳизбуттаҳрирро анҷом дода ва ин афродро барои "шомил будан ба гурӯҳи ҷиноӣ, талош барои сарнагун сохтани низом, барангехтани хусумати мазҳабӣ ва миллию нажодӣ ва шомил будан дар гурӯҳҳои ифротгаро" муҷрим шинохтааст.
Хабаргузорӣ навиштааст, ки дар ин байни ин афрод ду табъаи Ӯзбакистон низ будаанд, ки додгоҳ онҳоро ба убури ғайримуҷоз аз марзи Тоҷикистон, даъват ба сарнагун сохтани сохтори давлатӣ ва барангехтани хусумати миллӣ барои 14 сол равонаи зиндон кардааст.
Додситонии вилояти Суғд дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ дар шимоли Тоҷикистон алайҳи 29 нафар ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир парвандаи ҷиноӣ боз карда ва онҳоро барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол кардааст.
Дар авоили моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд, 11 нафарро ба ҷурми узвият дар Ҳизбуттаҳрир ба мӯҳлатҳои аз панҷ то бист сол равонаи зиндон карда буд. Зимнан, Ҳизбуттаҳрир як созмони мазҳабист, ки эҷоди хилофати исломӣ дар чаҳонро аз тариқи таблиғот дар миёни мусалмонон ҳадаф қарор додааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2008 Ҳизбуттаҳрирро, ки аз соли 2001 бад-ин сӯ дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ буд, як созмони ифротӣ эълом кард. Бар асоси ин мусаввабаи додгоҳӣ воридот, таҳия ва тавзеъи адабиёти ин ҳизб дар қаламрави Тоҷикистон ҷурм маҳсуб мешавад. Ҳамчунин пойгоҳи интернетии Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон масдуд буда ва тавзеъи наворҳои савтию видиюии ин созмон мавриди пайгарди қонунӣ қарор мегирад.
Би-Би-Си