12:06:18 01-уми Июни 2025 сол

БОЗИНГАРИ ДАСТАИ «РАВШАН»-РО КӢ КОРД ЗАД?

Ҳуҷумкунандаи дастаи футболи «Равшан» Наврӯз Рустамов имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шуд. Бегоҳии рӯзи 12-уми май ӯ бо захми ду корд дар бадан дар беморхона бистарӣ шуда буд. Пизишкон мегӯянд, ду корде, ки дар бадани ин ҷавони 18-сола зада шудааст, ҷиддӣ нест ва ӯ пас аз 20 рӯзи табобат дар хона, метавонад дубора ба бозӣ барояд.

bozingar251252.jpgҚаблан дар шаҳру навоҳии Кӯлоб сару садо баланд шуд, ки гӯё ин бозингарро рӯзе пеш аз бозии дастаи «Энергетик» бо «Равшан», дар муноқишае бозингарони дастаи меҳмон зада бошанд. Аммо Акрам Ҳусейнов, ноиби раиси клуби футболи «Равшан» гуфт: «Рости моро ҳам ин сару садоҳо нигарон кардааст. Дар асл бозингари дастаи мо тасодуфан ярадор шудааст ва на дар муноқиша бо бозингарони дастаи меҳмон. Ин ҳодисаи як рӯз пеш аз бозӣ шуда буд. Бегоҳӣ Наврӯз ҳангоми аз кӯча гузаштан шоҳиди муноқишаи гурӯҳи ҷавонон мегардад ва ҳангоми халос кардани онҳо, аз зарби нафаре маъюб мешавад. Ин сирф ҳодисаи тасодуфӣ буд.»

Дар ҳоли ҳозир, Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб 5 танро бо гумони даст доштан дар ин муноқиша боздошт кардаанд. Сафар Мӯъминов, мурабии дастаи «Равшан» мегӯяд: «ин авбошоне, ки бозингари беҳтарини онҳоро маъюб кардаанд, аслан мухлиси футбол набудаанд, вагарна ӯро мешинохтанд.»

Ба гуфтаи ӯ, дар асл бозии миёни дастаи «Энергетик» ва «Равшан» хеле орому осуда гузашт ва ҳеҷ муноқишае дар он рух надодааст.

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854