ТАЗОҲУРОТИ МАСЕҲИЁН ДАР МИСР БА ХУШУНАТ КАШИДА ШУД
Мақомҳои мисрӣ мегӯянд ҳадди ақал ҳафт нафар дар тазоҳуроти масеҳиёни Миср дар маркази Қоҳира захмӣ шудаанд. Ин тазоҳурот дар баробари сохтмони телевизиюни давлатии Миср баргузор шуд, аммо дар соъоти шаб ба суи онҳо тирандозӣ шуд ва гурӯҳе бумбҳои бензинӣ ба суи тазоҳуркунандагон партоб карданд ва худравҳоро оташ заданд.
Масеҳиёни Миср дар эътироз ба ҳамлаи ахир ба ду калисо, ки мунҷар ба кушта шудани 12 нафар шуд, даст ба тазоҳурот зада буданд. Аз замони сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак даргириҳои фирқаӣ дар Миср шиддат гирифтааст. Бано бар гузоришҳо тазоҳуркунандагон ҳангоме мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки аз убури як худрав аз минтақаи таҷаммуъ ҷилавгирӣ карданд.
Сипас гурӯҳе саднафара ба тазоҳуркунандагон ҳамла карданд. Пулиси Миср uуфтааст ду нафар аз тазоҳуркунандагон бар асари шиллики гулула захмӣ шудаанд. Ба иллати шиддати даргириҳо артиш маҷбур ба дахолат шуд то низом ва оромишро барқарор кунад. Нерӯҳои амниятӣ дар Қоҳира тавонистаанд яке аз тирандозонро боздошт кунанд ва ӯ дар ҳоли ҳозир таҳти бозҷӯӣ аст.
Хабаргузории давлатии Миср гуфтааст пулис дар садад аст то соири авомили ин ҳамларо шиносоӣ кунад ва ангезаи аслии ҳамларо биёбад. Масеҳиён, ки ҳудуди 10 дарсади ҷамъияти Мисрро ташкил медиҳанд, аз озор ва табъиз шикоят доранд.
Би-Би-Си