04:34:27 11-уми Июли 2025 сол

ДАРХОСТИ ҲУКМИ ҲАБСИ ҚАЗЗОФӢ АЗ ДОДГОҲИ ҲЕЙГ

Додситони кулли додгоҳи байналмилалии Ҳейг имрӯз аз қозиёни ин додгоҳ судури ҳукми боздошти ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башариятро дархост кард.

luis11515463.jpgЛуис Морено-Окампои аргентинӣ аз додгоҳи Ҳейг судури ҳукми ҳабси писари Қаззофӣ Сайфулислом ва раҳбари хадамоти иктишофии Либия Абдуллоҳ Санусиро низ хостааст. Морено-Окампо дар нишасти матбуотиаш гуфт, “шавоҳид ҳокист, ки Муамар Қаззофӣ шахсан фармони ҳамлаҳо алайҳи мардуми бегуноҳи мулкиро медод.»

Ӯ афзуд, Сайфулислом Қаззофӣ ва Абдуллоҳ Санусӣ ба таҳияву судури фармони ҳамлаҳо алайҳи чирикиҳо, ки мардуми мулкиро ҳам дониста ба ҳадаф дошт, айбдор мешаванд. Шӯрои Амнияти СММ ҳанӯз дар оғози ошӯбҳои Либия дар моҳи феврал ба Морено-Окампо салоҳият дод, то мавориди ҷинояти ҷанг дар Либияро таҳқиқ кунад.

Акнун ҳайъати сегонаи қозиёни додгоҳи Ҳейг ҷиҳати судури ҳукми байналмилалии боздошти ин се раҳбари Либия тасмим мегирад. Тайи 4 моҳи эътирозҳо алайҳи 42 соли ҳукумати Қаззофӣ дар Либия ҳазорон нафар кушта шуданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ