13:49:51 01-уми Июли 2025 сол

МАСКАВ: АФЗОИШИ ШУМОРИ ТОҶИКОНИ КУШТАШУДА ДАР ОТАШСӮЗӢ

 

Шумори муҳоҷирони тоҷики кушташуда дар оташсӯзии шаҳри Маскав ба панҷ нафар расидааст. Дар ин бора Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 18 май ба Би-би-сӣ хабар дод.

 

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Маскав кушта шудани се табаъаи тоҷикро дар ин оташсӯзӣ таъйид карда буд. Ба гуфтаи сафорат, ин афрод Қурбоналӣ Аҳмадови 55-сола аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Алихон Саиднаимови 26-сола ва Наимшо Саиднаимови 19-сола аз ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон будаанд.

Ҳамакнун ҳувияти ду фарди дигари кушташуда низ мушаххас шуда ва ин афрод Қаҳрамон Мараҷабови 33-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ва Исҳоқ Раҷабови 48-сола, сокини ноҳияи Бохтар, мебошанд. Дар маҷмӯъ дар ин оташсӯзӣ ҳафт нафар кушта ва ҳафт тани дигар башиддат захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи манобеъи пулиси шаҳри Маскав, оташсӯзӣ субҳи рӯзи сешанбеи 17 май, соъати 05:54 ба вақти маҳаллӣ, дар ноҳияи Арбат, хиёбони “Большой Афанасевский”, манзили шумораи 5, рух додааст. Пулиси Русия дар робита бо ин оташсӯзӣ парванди ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқи муқаддамотӣ ошкор карда, ки оташсӯзӣ ба сабаби “бедиққатӣ ба ҳангоми истифода аз оташ” рух додааст.

Би-Би-Си

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ