15:37:03 02-уми Июни 2025 сол

ИНҚИЛОБ ДУБОРА ДАРИ ГУРҶИСТОНРО МЕКӮБАД?

Мухолифони ҳукумати Михаил Саакашвилӣ имрӯз ҳам дар Тифлис ба тазоҳуроти худ идома доданд. Аммо тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон ба таври хушунатбор ба мошине, ки дар дохили он одамон нишаста буданд, ҳамла бурдаанд.

protest-tblis4455.jpgЯк рӯз пеш аз ин ҳодиса ҳазорон нафар аз мухолифони давлат ба нишонаи эътироз ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро талаб карданд. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи хабаргузориҳо собиқ раиси парлумони Гурҷистон, Нино Бурҷанадзе тазоҳуроти густурдаи мухолифинро “оғози инқилоб” дар кишвараш хондааст.

Хонум Бурҷанадзе, ки яке аз саркардагони “инқилоби лолаӣ” дар соли 2003 буда, барои ба сари қудрат расидани Михаил Саакашвилӣ кӯмак кардааст, имрӯз аз пешвоёни мухолифон аст ва талаби истеъфои раисиҷумҳурро дорад.

Рӯзи шанбе, 21-уми май, ҳазорон нафар аз ҷонибдорони мухолифин ба кӯчаву хиёбонҳои Тифлис ва Батуми рехта, истеъфои Саакашвилиро талаб кардаанд. Эътирозгарон раисиҷумҳури Гурҷистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки ӯ ба низоми худкомаӣ роҳ додааст.

Нино Бурҷанадзе, яке аз раҳбарони “Маҷлиси мардумӣ”, созмони мухолифон, низ Гурҷистони кунуниро ба Шӯравии собиқ монанд карда ва гуфтааст, ки “мо ҳоло дар давлати необолшевикӣ зиндагӣ мекунем.”

Тазоҳуроти рӯзи шанбе яке аз бузургтарин тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ аз соли 2009 ба инҷониб дар Гурҷистон будааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854