15:58:16 02-уми Июни 2025 сол

РАСУЛОВ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БЕҲТАРИН КОРГАРДОНИ ФИЛМ ШУД

Муҳаммад Расулов-коргардони филмҳои эронӣ дар ҷашнвораи байналмиллалии филми Канн дар Фаронса барандаи ҷоизаи беҳтарин коргардони филм шуд.  

Ин ҷоизаро барои филми “Ба умеди дидор” ба вай доданд. Филм дар бораи як вакили мудофеи Эрон ҳикоят мекунад, ки барои дарёфти раводиди хориҷӣ ва хуруҷ аз Эрон маҷбур мешавад ба тадбирҳои ғайриқобили тасаввур даст бизанад.

Худи коргардон натавонист дар ин ҷашнвора ширкат кунад ва ба ҷои вай хонумаш ҷоизаро гирифт. Расулов моҳи декабр ба 6 соли зиндон маҳкум шуд ва аз сафар ба хориҷ маҳрум шудааст.

Вай ҳамчунин ҳақ надошт 20 сол филм таҳия кунад. Расулов баъдтар бо васиқа аз зиндон раҳо шуд, вале наметавонад ба хориҷ сафар кунад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854