"НАРХИ РОҲКИРО ДАР ДУШАНБЕ АФЗОИШ МЕЁБАД"
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз авоили моҳи оянда нархи роҳкирои васоили мусофирбарӣ дар ин шаҳрро афзоиш диҳад. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, ба хабаргузориҳо гуфт, ки масъалаи боло рафтани қимати роҳкиро дар ҷаласаи вижаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ва масъулони сохторҳои мухталифи шаҳр матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи вай, ин иқдоми шаҳрдорӣ ба дунболи боло рафатни қимати маводди сӯхтӣ ва таҷҳизот барои васоили мусофирбарӣ амалӣ мешавад. Вале ба гуфтаи як масъули умури ҳамлу нақли шаҳрдорӣ, мизони афзоиши қимати роҳкиро ҳануз мушаххас нашудааст.
Дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, мақомоти ҳамчунин таъмини маводди ғазоӣ дар бозорҳои шаҳҳро баррасӣ кардаанд. Оқои Убайдуллоев ба масъулон пешниҳод кардааст, ки кайфияти маводди ғизоӣ, бавижа гӯшт, дар бозорҳоро таҳти назорат бигиранд ва ҳамчунин сатҳи қимати онро дар ҳудуди 23 сомонӣ барои як кило гӯшти гов ва 24 сомонӣ барои як кило гӯшти гӯсфанд нигаҳ доранд.
Ба гуфтаи сокинони шаҳри Душанбе, қимати гӯшт дар бозорҳо дар ҳоли афзоиш буда ва бархе авқот масъулони дуконҳои гӯштфурӯшӣ қимати воқеъии онро пинҳон медоранд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи коршиносони иқтисодӣ, бо боло рафатни қимати роҳкирои васоили мусофирбарӣ ва маводди сӯхтӣ имкон дорад, ки қимати маводди ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, ки умдатан аз навоҳии берун аз шаҳр ба пойтахти Тоҷикистон интиқол меёбад, боз ҳам боло равад.
Би-Би-Си