ДАСТУРИ ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА САЙТИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет дастур додааст, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Ин хадамот гуфтааст, бино бар зарурати пеш омадани корҳои фаннӣ, дастрасӣ ба сомонаи Тӯраҷонзодаҳо қатъ шавад.
Дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳо пас аз зӯҳри рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ тавассути бархе аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет мушкил шудааст. Сайти интернетии оли Тӯраҷон, ки ба бародарон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Эшони Нуриддин ва Эшони Маҳмудҷон марбут аст, як соли пеш рӯи кор омада ва то кунун беш аз як миллион бинанда доштааст.
Дар ин сомона суолу ҷавоби ин рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон бо хонандаҳо ва ҳам навори мавъизаҳояшон, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ироа мегардад, ҷо дода шудааст. Ҳоло дар ин сомона китобҳои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз ҷумла китобҳои "Ҷойгоҳи зан дар ислом", "Масҷид ва ҷомеа" ва ҳамчунин "Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо..." дастрасанд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, маҳдуд шудани дастрасӣ ба сайти хонаводагии оли Тӯраҷонро мухолиф ба Қонуни асосии кишвар донист.
Вай гуфт, "Ин сайти мо сайти сиёсӣ нест. Сайти маърифатӣ-исломӣ аст. Мутаассифона, агарчӣ гуногунандеширо Конститутсия иҷоза додааст, аммо ҳар вақт, ки хоҳанд поймол мекунанд. Ин заъфи худи онҳоро нишон медиҳад."
Ин дар ҳолест, ки Маҳмудҷони Тӯраҷонзода низ чанде пештар дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳо сомонаи худро бо дархост ва пешниҳоди ҷонибдорон ва мухлисони худ ва он ҳам аксар аз хориҷи кишвар, сохтаанд.
Ҷаноби Тӯраҷонзода гуфта буд: "Сайти мо зиёда аз як сол мешавад, ки фаъол аст. Хонандагони зиёде пайдо кардааст. Теъдоди онҳое, ки то кунун аз сомонаи мо дидан кардаанд, ба бештар аз якуним миллион нафар мерасад. Аз рӯзе, ки ин сомонаро боз кардем, кори он муддати тӯлонӣ муттавақиф нашудааст."
Бо ин ҳол, ба таъкиди Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, ҳадаф аз таҳияи ин сомона наздикӣ бо ҷонибдорон ва посух ба пурсишҳои онҳо буда, қасди дигареро дунбол намекунанд.
“Онҳое, ки дар Русия кор мекунанд, аз мо хоҳиш намуданд, то сайтеро созмон диҳем, ки онҳо ба мавъизаҳову посухҳои мо дастрасӣ дошта бошанд. Инчунин, аз дохили Тоҷикистон ҳам дархостҳо зиёд буд. Пас аз ин, мо ин кори хайрро роҳандозӣ кардем. Ба хотири савоб. Вагарна ягон қасди дигаре дар ин амр надорем",-афзуда буд ӯ.
«Озодӣ»