15:00:21 01-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ МАВОРИДИ ҚАТЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз афзоиши қатл дар Тоҷикистон хабар додааст. Тавре, ки аз дафтари матбуъотии ин вазорат гуфтаанд, аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло дар Тоҷикистон 40 мавриди қатл сабт шудаст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони интизомӣ, дар давраи мушобеҳ дар соли 2010, дар Тоҷикистон 30 мавриди қатл сабт шуда буд ва масъулон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ даҳ мавриди ин ҷароим бештар сабт шудааст. Маҳмадуллоҳ Ассадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи душабеи 30 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин миқдори ҷароим, 39 мавриди онро кормандони вазорат ифшо карда ва муқассирин боздошт шудаанд.

Вале оқои Ассадуллоев афзуд: “Дирӯз соъати 19 ва 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар соҳили рӯдхонаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, кормандони пулис, ҷасади Рӯзиқул Одинаев, соли таваллуди 1960, сокини деҳаи Ғарав аз дохили утумубили шахсиаш пайдо шуд. Таҳқиқоти ҷои ҳодиса ҳокӣ аз он будааст, ки вай бо се зарби ҷоқу ба қисмати гардан ва қафаси сина ба ҳалокат расидааст. Кормандони интизомии ноҳияи Ёвон дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва машғули ҷустуҷӯйи афроди муқассир дар ин ҳодиса ҳастанд.”

Ба гуфтаи оқои Ассадуллоев, ҳодисаи қатл дар Ёвон танҳо қазияе ҳаст, ки муқассирони он ҳануз боздошт нашудааст. Масъулони пулиси тоҷик мегӯянд, ки аксари қатлҳо дар Тоҷикистон бар асари низоъ бар сари ҳалли муноқишаҳои миёни сокинон ва аъзои хонаводаҳо рух додаанд. Маҳмадуллоҳ Ассадуллоев мегӯяд, ки аз миёни чиҳил қазияи қатл, даъвоҳо ба дунболи рашк дар миёни завҷҳо низ сабт шудааст, ки қотил бархе аз онҳо занон будаанд.

Ба гуфтаи иддае аз ҳуқуқдонҳои саршинос нобоварӣ ба системи қазоия дар Тоҷикистон мунҷар ба он шудааст, ки бисёре аз сокинон ин кишвар кушиш мекунанд, ки даъвоҳҳои сар задаро худашон ҳалл бикунанд, ки дар натиҷа бисёре аз ин қазияҳо фоҷеъабор тамом мешавад. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи иддае аз сокинон дар бисёре авқот ҳангоми кушиши онҳо барои даъвати кормандони интизомӣ бо шумораи 02, ки умдатан барои кумак дар мавриди сар задани низоъ ва ё ҷароиме ихтисос ёфтааст, бенатиҷа анҷом мегирад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854