02:11:10 03-уми Июни 2025 сол

БУЗУРГТАРИН ПАЙКАРАИ ЛЕНИН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД БАРЧИДА ШУД

Бузургтарин муҷассамаи Владимир Ленин дар Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буд, шаби душанбеи 30 май барчида шуд. Сабаби шабҳангом барчида шудани ин муҷассама маълум нест, вале бархе аз соҳибназарон мӯътақиданд, ки мақомот бо ин кор хостаанд, ки аз ҷалби таваҷҷӯҳи умумӣ ба ин иқдом ҷилавгирӣ кунанд.

lenin265699.jpgМақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки дар ин макон як боғи тафреҳӣ барои сокинон бунёд мегардад. Ин боғи тафреҳӣ номи Исмоъили Сомонӣ, бунёнгузори давлати Сомониёнро, хоҳад гирифт ва эҳтимолан пайкарае аз ӯ низ дар ин боғ гузошта хоҳад шуд. Вале муҷассамаи доҳии пролетарҳои ҷаҳон ба порки Ғалаба дар шаҳри Хуҷанд мунтақил хоҳад шуд.

Муҷассамаи Владимир Ленин дар соли 1974 дар замони таҷлил аз 50-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон ва Ҳизби кумунисти ин кишвар дар соҳили рости дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд, ки он замон "Ленинобод" ном дошт, гузошта шуда буд. Аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ ҳамасола кумунистони маҳаллӣ дар вилояти Суғд, ки низ қаблан "Ленинобод" ном дошт, бар пояи муҷассамаи бузурги Ленин, гул мегузоштанд.

Кумунистони маҳаллӣ дар вилояти Суғд дар тамоми даврони истиқлол ҳамасола зимни таҷлил аз солгарди таваллуди Ленин ҳам бар пояи ин муҷассама гул мегузоштанд ва онҷо суханронӣ мекарданд. Аммо имсол ин маросим баргузор нашуд ва кумунистон бар пояи ин муҷассама гул нагузоштанд. Муҷассамаи Ленин дар шаҳри Хуҷанд тайи солҳои ахир бузургтарин муҷассамаи "доҳии ранҷбарон" дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд, ки 24 метр баландӣ дошт.

Шаҳрдории Хуҷанд соли гузашта нишоне аз "Досу болға"-ро, ки низ бо идеулужии кумунисм иртибот дошта ва аз замони Шӯравӣ ба мерос монда буд, барчида буд. Дар замони Шӯравӣ пайкараҳои Ленин дар шаҳрҳои бузург ва марокизи навоҳии мухталифи Тоҷикистон чун дар дигар ҷамоҳири шӯравӣ умдатан дар хиёбонҳои марказӣ қомат афрохта буданд.

Вале бузургтарин пайкараи вай дар майдони марказии шаҳри Душанбе дар ҷараёни яке аз тазоҳуроти эътирозии мардумӣ дар пойизи соли 1991 сарнагун карда шуд. Дертар, ба ҷойи ин пайкараи Ленин дар майдони "Озодӣ" пайкарае аз Абулқосими Фирдавсӣ, шоъири маъруф ва нависандаи "Шоҳнома", гузошта шуд. Вале дар авохири даҳаи 1990 пайкараи Фирдавсӣ ба ҳумаи ҷануби шаҳр мунтақил шуд ва ба ҷойи он муҷассамаи бузурге аз Исмоъили Сомонӣ қад барафрохт.

Се сол қабл ба муносибати 1150-солагии Абӯъабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти клосикии порсӣ, шаҳрдории Душанбе пайкараи дигаре аз Ленинро, ки дар порки марказии шаҳри Душанбе воқеъ буд, барчид. Кумунистони маҳаллӣ бо ин иқдом ибрози мухолифат карданд, вале садои онҳо шунида нашуд. Сипас, ин порк "Боғи устод Рӯдакӣ" ном гирифт ва пайкарае аз "Рӯдакии ҷавон" дар ин боғ дар баробари сохтмони навбунёди "Қасри Миллат" қад барафрохт.

Мунтақидон давлати Тоҷикистонро ба поксозии рамзҳо ва нишонаҳои давлати Шӯравӣ ва ҷойгузини онҳо кардани рамзу нумодҳои миллигароёна муттаҳам мекунанд, вале мақомот ин иқдомотро амре табиъӣ барои таҳкими истиқлоли ин кишвар медонанд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, муҷасамаҳои Ленин ва нишонаҳои дигари Шӯравӣ дигар аҳаммияти сиёсию фарҳангӣ надоранд ва агарчи аз марокизи шаҳрҳо ва навоҳӣ барчида мешаванд, вале дар амокини вижа ё осорхонаҳо нигоҳдорӣ хоҳанд шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854