02:08:40 03-уми Июни 2025 сол

НАШРИ ЛУҒАТ БО КӮМАКИ САФОРАТИ АМРИКО

Ҳукумати Амрико тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар чопи луғати истилоҳоти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ки дар се забон англисӣ-русӣ-тоҷикӣ таҳия шудааст, мусоидат кард.

USAIDДар маросими муаррифии луғат, ки 31-ми май дар Душанбе баргузор гардид, намояндагони Вазорати фарҳанг ва Рушди иқтисоду савдо, Маркази патентӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва донишҷӯён ширкат намуданд. Луғат барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони илм ва коршиносони соҳа дар беҳтар дарк намудани ҷиҳатҳои ҳуқуқии ин масъала донишашонро мукаммалтар менамояд. Луғати сезабонаи истилоҳоти ҳифзи моликияти зеҳнӣ ёрии давомноки Ҳукумати Амрико дар саъю кӯшиши Тоҷикистон барои ҳамоҳангнамудани қоидаҳои дохилии хеш бо меъёрҳои шинохтаи байналмилалӣ буда, дар раванди пайвастан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мусоидат хоҳад кард.

Муаллифи луғати истилоҳоти моликияти зеҳнӣ  Ином Тоҳиров аст, ки дар рушду инкишофи низоми муҳофизати моликияти зеҳнӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми фаъолияташ ба ҳайси директори Маркази миллии патенти-итилоотии Тоҷикистон нақши сазовореро иҷро кардааст. ИномТоҳиров дар рафти муаррифии луғат қайд намуд, ки «Имрӯз нақши моликияти зеҳнӣ дар ҷалби бевоситаи сармоягузории хориҷӣ ва интиқоли технологияҳои муосир ниҳоят муҳим аст. Ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, Тоҷикистон бояд ба саъю кӯшишҳои дигар кишварҳо дар ҷодаи муҳофизати моликияти зеҳнӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пайвандад.»

Лоиҳаи Минтақавии USAID оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ яке аз барномаҳои зиёди ба рушди кишвар равона шудаест, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардида, тавассути USAID дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико, тавассути Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе тахминан 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон дар самтҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ кардааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854