РОҲАНДОЗИИ ХАДАМОТИ БОНКИИ ИНТЕРНЕТӢ ДАР "ТОҶИКСОДИРОТБОНК"
"Тоҷиксодиротбонк", аз бонкҳои умдаи тиҷоратии Тоҷикистон, барои муштариёни худ системи муъомилоти бонкии интернетиро роҳандозӣ кардааст. Ҳамакнун, муштариёни ин бонк ба таври шабонарӯзӣ дар саросари ҷаҳон метавонанд ба ҳисобҳои бонкии худ дар "Тоҷиксодиротбонк" дастрасӣ дошта ва муъомилоти бонкиро аз тариқи интернет анҷом диҳанд.
Ин бонк дар сойти расмии худ навишта, ки барои истифода аз ин систем танҳо дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет кофист ва бар хилофи системҳои мушобеҳ дар бонкҳои дигар, барои анҷоми муъомилоти бонкии интернетӣ муштариён ба насби барномаҳои вижаи компютерӣ ниёз надоранд.
Масъулони ин бонк ҳамчунин мегӯянд, ки истифода аз хадамоти интернетии ин бонк "бисёр сода, муносиб ва амн" аст ва ин систем имкон медиҳад, ки афроди ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ (воқеъӣ) бидуни мушкил мукотиботу муросилот ва асноди марбут ба пардохту дарёфти маболиғро ба бонк таҳвил диҳанд ва ё аз бонк дарёфт кунанд.
Барои анҷоми муъомилоти бонкии интернетӣ бо "Тоҷиксодиротбонк" метавон аз васоили гуногуни мухобирот, аз ҷумла роёна (компютер), ноутбук, смартфон, телефунҳои ҳамроҳ ва Ойпад (iPad) истифода кард. Ба гуфтаи манобеъи ин бонк, саҳти болои эмании муъомилоти интернетӣ бо "Тоҷиксодиротбонк" ба туфайли истифода аз фанноварии рамзҳои убури электрунӣ фароҳам шуда ва барои анҷоми ин фаъолиятҳо бонк токен ё калидҳои вижаи электруниро дар ихтиёри муштариёнаш қарор медиҳад.
Масъулони "Тоҷиксодиротбонк" мегӯянд, ки ҳудуди 20 дарсади сармояи умумии 12 бонки умдаи Тоҷикистон ба ин ниҳоди молӣ таъалуқ дорад. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз муштариёни "Тоҷиксодиротбонк" пайваста аз мушкилоти марбут ба камбуди арзи нақд дар банкоматҳои ин бонк ибрози нигаронӣ мекунанд.
Би-Би-Си