СИП ДАХОЛАТ ДАР КУШТА ШУДАНИ РӮЗНОМАНИГОРРО РАД КАРД
Сарвиси иттилоъотии Покистон мавсум ба АйЭсАй (ISI) дар як вокуниши ғайримаъмул бо интишори иттилоъияе ҳар гуна дахолат дар қатли Салим Шаҳзод, хабарнигори покистониро рад кардааст.
Ин хабарнигори покистонӣ рӯзи якшанбеи 29 май (8 хурдод) ба ҳангоми тарки хонааш дар Исломобод нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи сешанбеи 31 май 10 (хурдод) пайдо карданд. Сарвиси иттилоъотии Покистон дар ин иттилоъия ҳар гуна шавоҳиде байни марги ин хабарнигор бо ин сарвисро беасос донистааст.
Салим Шаҳзод дар тули фаъолиятҳои ҳирфаиаш мақолоте дар бораи шабакаҳои пайкорҷӯи исломгаро, ки дар Покистон фаъолият доранд, навишта буд.