МУХОЛИФОНИ СУРӢ ХОСТОРИ КАНОРАГИРИИ БАШОР АСАД ШУДАНД
Ҳамзамон бо идомаи ҳамалоти маргбори артиши Сурия ба мухолифон дар рустои Растан, гурӯҳҳои мухолиф, ки дар Туркия дидор кардаанд хоҳони канорагирии фаврии Башор Асад аз қудрат шуданд. Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷаи Омрико гуфтаанс, ки ҳукумати Башор Асад "тақрибан" тамоми машруъияти худро барои анҷоми ислоҳоти сиёсӣ аз даст додааст.
Мухолифони ҳукумат мегӯянд, ки дар бумборони рӯзи панҷшанбеи рустои Растан дар ҳаволии шаҳри Ҳумс таҷвассути артиши Сурия дастикам 15 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи онҳо, амалиёти чанд рӯзи гузашта артиш дар Растан 50 кушта бар ҷой гузоштааст. Мухолифон мегӯянд, ки дар бумборони рӯзи панҷшанбе ду масҷид ва як нонвоӣ нобуд шудааст.
Шоҳидон ба Би-би-сии арабӣ гуфтаанд, ки артиш ҳанӯз натавонистааст кунтрули комили Растан, воқеъ дар навоҳии марказии Сурияро ба даст бигирад. Раиси ҷумҳури Сурия чанд рӯз пеш фармони афви умумӣ ва озодии садҳо боздоштиро содир кард ва ба мухолифон пешниҳоди гуфтугӯ дод.
Аммо гурӯҳҳои мухолифи вай, ки дар Онотулии Туркия дидор кардаанд, пас аз ду рӯзи музокира хоҳони канорагирии фаврии Башор Асад ва вогузории қудрат ба муъовини раиси ҷумҳурӣ шуданд, то ин ки як шӯғрои интиқолӣ барои гузор ба сӯйи демукросӣ таъсис шавад.
Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико низ дар Вошингтун гуфт машруъияти ҳукумати Сурия барои анҷоми ислоҳоти сиёсӣ "тақрибан" аз даст рафтааст. Ӯ гуфт агар Башор Асад қасд надорад дар кишвараш ислоҳот анҷом диҳад, бояд канор биравад.
Хонум Клинтун изъон кард, ки қудратҳои бузург дар бораи чигунагии бархӯрд бо буҳрони Сурия мавзеъи воҳиде надоранд ва ба таври ҷиддӣ бо он бархӯрд накардаанд. Ҳилорӣ Клинтун аз кишварҳо, ки ба назар мерасад манзураш кишварҳои араб, Чин ва Русия бошад, хост, ки "дар ҷиҳаӣт дуруститаърих қарор бигиранд."
Давлати Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико Башор Асад ва вазирони аршади вайро таҳрим кардааст ва мегӯяд, ки дар назар дорад ҳукумати Сурияро таҳти фишори бештаре қарор диҳад.\
Би-Би-Си