00:48:44 03-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛА БА ДОДГОҲ ВА ДОДСИТОНИИ ХОРУҒ

Як гурӯҳи номаълум бо ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон кормандони додгоҳи вилоятро лату кӯб карда, сохтмонҳоро хароб кардааст.

sudi_sugd01023.jpgХабаргузории «Азия плюс» навиштааст, ки ин ҳамла эътироз ба як ҳукми додгоҳ дар мавриди сокини Хоруғ Каён Раҳмихудоев будааст, ки додгоҳ ӯро дар куштор муҷрим шинохта ва ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Хабаргузории «АП» навиштааст, ки рӯзи ҷумъа, соати 15-30 дақиқа гурӯҳи ашхоси номаълум вориди сохтмони додгоҳи вилоят шуда ва муовини раиси додгоҳ Халил Холиқов ва додрас Акбаршо Сафаров, инчунин муаллими литсеи техникӣ Азиз Муқаддамшоевро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Ҳар се ин афрод дар бемористон ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳи афрод бо ҳамла дару тиреза ва ашёи дохили утоқҳои додгоҳро хароб кардаанд, ки ҳаҷми умумии зарари ба додгоҳ воридшуда ба гуфтаи масъулин, 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин гуфта мешавад, ки зарари ба бинои додстонии вилояти Бадахшон воридшуда низ ҳудуди 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мақомот гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса Эраҷ Саъдоншоеви 41 -сола Ҷамшед Шералиеви 26 -соларо боздошт кардаанд. Ҷустуҷӯи гумонбаршудагони дигар идома дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854