ИМЗОИ АСНОДИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛУКСЕМБУРГ
Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Луксембург созишномаҳое дар бораи ҷилавгирӣ аз пардохти молиёти музоъаф ва эҷоди масири ҳавоӣ байни ин ду кишвар имзо шудааст. Ҳамчунин як ёддошти тафоҳум байни ду кишвар дар бораи иҷрои ин қарордод имзо шудааст. Утоқҳои бозаргонии Тоҷикистону Луксембург низ як созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Сафари Президент Раҳмон ба Луксембург аз 8 то 10 июн идома дошт. Дар ин сафар оқои Раҳмон бо Жан Клот Ҷанкер, нахуствазир, ва ҳамчунин бо дюки олии Луксембург ва раиси маҷлиси намояндагони ин кишвар дидор дошт. Ӯро дар ин сафар ҳайъате аз мақомоти тоҷик ҳамроҳӣ мекарданд.
Ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои ин кишвари урупоӣ бо Тоҷикистон ва ҳамчунин масоили минтақаиро баррасӣ кардаанд. Оқои Раҳмон ҳимояти худро аз номзадии Луксембург барои узвияти муваққати Луксембург дар Шӯрои Амнияти СММ иброз доштааст.
Дар баёнияи муштараке, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва назуствазири Луксембург интишор доданд, омадаст, ки ин ду кишвар ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба алоқаманд ҳастанд ва ҳамкориҳои ду кишварро барои таъмини амният, субот ва тавсеъа дар минтақа муҳим медонанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин таъаҳҳуд кардаанд, ки давлати Луксембург аз талошҳои Тоҷикистон барои дастёбӣ ба тавсеъа, тақвияти ҳамкориҳои ин кишвар бо Иттиҳодияи Урупо ва НОТУ ҳимоят мекунад.
Ин ду кишвар ҳамчунин ваъда кардаанд, ки муколимаи худ дар заминаи мубориза бо маводди мухаддир, мубориза бо терурисм ва эҳтром ба ҳуқуқи башарро тақвият хоҳанд кард. Сафари расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Урупо аз якшанбеи гузашта шурӯъ шуда ва дар ин муддат оқои Раҳмон аз чанд кишвари урупоӣ боздид карда ва бо раҳбарон ва мақомоти аршади ин кишварҳо гуфтугӯҳое анҷом додааст.
Яке аз аҳдофи ин сафар ҷалби ҳимояти Урупо ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз ҷумла дар ҷараёни дидори вай аз дафтари Бонки Урупоии Сармоягузорӣ, ин бонк тасмим гирифтааст маблағи 7 милюн юру эътибори молӣ ба Тоҷикистон ихтисос диҳад.
Қарордод дар бораи тахсиси ин вом ё қарз тавассути Филип Мейштадт, раиси ин бонк, ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири дороии Тоҷикистон, имзо шуда ва ин маблағ барои бозсозии шабакаҳои барқрасонии хурду миёна дар Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.
Би-Би-Си