00:57:11 03-уми Июни 2025 сол

ҚОТИЛОН БЕШ АЗ ҲАМА БА ДУХТАРЧАИ 6-СОЛА КОРД ЗАДААНД

Гумонбаршудагони қатли ваҳшиёнаи як зану шавҳари тоҷик ва кӯдаки 6-солаи онҳо дар Русия боздошт шудаанд. Мақомоти интизомии Русия имрӯз гуфтанд, дар робита ба қатли ваҳшиёнаи се шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Свердловск ду нафарро боздошт карданд.

militsiya_45445.jpgАлександр Шулга, сухангӯи Раёсати вилоятии Кумитаи тафтишотии Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 10-уми июн дар ноҳияи Серов аҷсоди як ҷуфти тоҷик бо духтари шашсолаашонро, ки осори захми 40 корд дар баданаш ҳувайдо буд, аз дохили хонаи сӯхтаашон пайдо кардаанд.

Ӯ афзуд: “Ду сокини 21 ва 23-солаи бекори маҳаллӣ, боздошт шуданд, ки ҳоло баёнот медиҳанд ва ба гуноҳи худ иқрор мекунанд. Иллат ва ангезаҳои ин ҷиноят ҳоло таҳқиқ мешавад. Бадхоҳонро дишаб боздошт карданд, ки ҳарду маст буданд.“

Александр Шулга аз эъломи ҳувияти шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ кард. Марди тоҷик 46 ва ҳамсари ӯ 37-сола будаанд. Гуфта мешавад, қотилон беш аз ҳама ба бадани кӯдаки 6-сола корд задаанд. Солона дар қаламрави Русия бештар аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта мешаванд ва ё мефавтанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854