БОЗДОШТИ ЧАНД ТАНИ ДИГАР ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН
Нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Тоҷикистон чанд нафарро дар амалиёте муштарак боздошт кардаанд. Ин хабарро рӯзи душанбеи 3 август Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвари Тоҷикистон таъйид кард.
Оқои Асадуллоев аз ироаи ҷузъиёти ин хабар худдорӣ кард, аммо гуфт, ки дар тӯли рӯз баёнияе расмӣ дар ин бора мунташир хоҳад шуд. Вале тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, дар миёни афроди боздоштшуда бародарони Неъмат Азизов, раҳбари як гурӯҳи мусаллаҳ, ки ҳафтаи гузашта кушта шуд, низ будаанд. Давлати Тоҷикистон фаъолияти ин гурӯҳро ба Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон муртабит медонад. Худи Неъмат Азизов рӯзи чаҳоршанбеи 29 июл дар амалиёте тавассути нерӯҳои давлатӣ дар дараи Ҳури рустои Шакови ҷамоъати деҳоти Чилдараи ноҳияи Тавилдара кушта шуд.
Ба гуфтаи манобеъи ғайрирасмӣ, боздошти тозаи чанд узви гурӯҳи Неъмат Азизов дар пайи музокираи модари вай бо аъзои ин гурӯҳ сурат гирифтааст.
Тибқи ин иттилоъ, ки расман таъйид нашудааст, хонум Азизова, ки чанд рӯз қабл писараш Неъмат Азизовро ба хок супурд, бо дархости нерӯҳои давлатӣ ба маҳалли истиқорори гурӯҳи мусаллаҳ рафта ва аз фарзандони дигараш хоҳиш кардааст, то онҳо худро ба нерӯҳои давлатӣ таслим кунанд.
Аз авоили моҳи май ба ин сӯ ноҳияи Тавилдара маҳалли даргириҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ бо нерӯҳои давлатӣ будааст. Дар ин даргириҳо 9 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва як нерӯи давлатӣ кушта шуда ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин, дар яке аз даргириҳо, ки дар мавзеъи Чилдара 11 июл рух дод, Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи собиқи нерӯҳои мухолиф дар даврони ҷанги дохилӣ, кушта шуд.
Би-Би-Си