01:05:38 03-уми Июни 2025 сол

ЕЛЕНА БОННЕР-ҲОМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАРГУЗАШТ

Елена Боннер, ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар ва ҳамсари академик Андрей Сахаров дар Бостони Амрико даргузашт. Елена Боннер, ки 88 сола тайи чанд соли охир дар ИМА ба сар мебурд. Бино ба васияти хонум Боннер, ҷасади ӯ дар оромгоҳи Востряковскии шаҳри Маскав, дар паҳлӯи падару модараш ва ҳамсараш Андрей Сахаров ба хок супурда мешавад.

elena-bonner_11.jpgЕлена Боннер, 15 феврали соли 1923 дар хонаводи кормандони ҳизбии шуравӣ дар Ҷумҳурии Турманистон ба дунё омад. Дар соли 1937 падару модараш бар асари таъқиботи сталинӣ саркӯб шуданд. Еленна дар синни 18 солагӣ ба ҷанг рафт ва ба ҳайси хоҳари шафқат хидмат намуд. Ӯ дар ҷараёни ҷанг ӯ як маротиба ба шиддат маҷрӯҳ шуда буд. Баъди ҷанг Елена ба Донишгоҳи тибби Ленинград дохил шуд, вале бо гуноҳи сохтае аз донишгоҳ ихроҷ шуд ва танҳо баъди даргузашти Сталин дубора ба донишгоҳ барқарор гашт.

Елена Боннер дар соли 1965 ба узвияти КПСС пазируфта шуд, ки баъдан ин иқдомро ҷиддитарин иштибоҳаш дар зиндагӣ унвон кард. Ӯ соли 1972 аз узвияти КПСС хориҷ шуд ва ба сурати фаъол ба ҳифзи ҳуқуқ машғул шуд. Елена Боннер, дар соли 1972 бо академик Андрей Сахаров издивоҷ кард. Ӯ дар як мусоҳибаи худ гуфтааст, ки «аз ин ки маро ҳамчун ҳамсар ё зани Сахаров муаррифӣ мекунанд, хушам намеояд, ман худам бо худам ҳастам».

Елена Боннер, дар соли 1975 дар шаҳри Осло Андрей Сахаровро дар гирфитани ҷоизаи Нобел намояндагӣ кард ва ба ҷои ӯ ин ҷоизаро дарёфт намуд. Ӯ соли 1976 дар зери санади таъсиси гӯрӯҳи Хелсинкии Маскав имзо гузошт ва аз соли 1980 то 1986 Сахаровро дар бадарға дар Горкий ҳамроҳӣ кард. Дар ин миён дар соли 1984 бо иттиҳоми тӯҳбат ба унвони ҳукумати шуравӣ аз сӯи додгоҳи Горкий маҳкум шуд. Ӯ соли 1986 ҳамроҳи Сахаров аз Горкий ба Маскав бар гашт.

Елена Боннер, узви камисюни ҳуқуқи башар дар назди президенти Русия буд, аммо соли 1994 ба далели мухолфиат бо ҷанги Чечен аз ин камисюн хориҷ шуд. Ӯ раҳбарии Бунёди Сахаровро бар ӯҳда дошт. Елена Боннер 10 марти соли 2010 нахустин имзоро дар муроҷиъати мухолифони Русия зери унвони «Путин бояд биравад», гузошта буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854