ГЕНЕРАЛ БАРОИ РОБИТА БО "ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР" БОЗДОШТ ШУД
«Озодӣ»Як афсари воломақоми артиши Покистон бо иттиҳоми иртибот бо “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт шуд. Сухангӯи артиш генерал-майор Аҳтар Аббос имрӯз гуфт, ки генерал Алӣ Хон барои робитааш бо ин ҳизби мамнӯъ дастгир шудааст ва аммо ӯ бо ҷунбиши “Толибон” ягон робита надорад. Фаъолияти “Ҳизб-ут-таҳрир”, ки талоши эҳё халифати исломиро дорад, дар Покистон ва аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълон шуд.