00:47:15 03-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ: ДАР ИНТИХОБОТИ БАЪДӢ БО ПУТИН РАҚОБАТ НАМЕКУНАМ

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, гуфтааст, ки ӯ ва Владимир Путин, нахуствазири кунунӣ ва раиси ҷумҳурии собиқ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда ба унвони рақибони интихоботӣ бо якдигар мубориза нахоҳанд кард.

Оқои Медведев дар мусоҳибае бо рӯзномаи бритониёии "Тоймзи молӣ" худ ва Владимир Путинро аъзои "як нерӯи сиёсӣ" тавсиф кард ва афзуд, ки наметавонад тасаввур кунад, ки бо оқои Путин дар як рӯёрӯйии сиёсӣ даргир шавад.

Пештар оқоён Путин ва Медведев гуфта буданд, ки бо фаро расидани замони интихобот бар сари ин ки кадом як вориди номзади раёсати ҷумҳурӣ шавад ба тавофуқ хоҳанд расид, аммо бисёре аз нозирон мӯътақиданд, ки эҳтимолан оқои Путин аст, ки дар ин замина тасмимгирӣ хоҳад кард.

Владимир Путин ду давра раиси ҷумҳурии Русия буд, аммо ба далели манъи қонунии ширкат дар севумин давраи рақобатҳо ҷойи худро ба Дмитрий Медведев дод ва симати нахуствазириро бар уҳда гирифт.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854