01:04:27 03-уми Июни 2025 сол

ПУТИН: ДАХОЛАТ БА УМУРИ СУРИЯ БЕОҚИБАТ АСТ

Владимир Путин, сарвазири Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Порис дахолат ба умури Сурияро беҳудаву беоқибат номид.

Ба гуфтаи ӯ, "намунаи бархе аз кишварҳои минтақа нишон медиҳад, аз он ки мо талош мекунем равандҳоро раҳбарӣ кунем, вазъ дар онҳо беҳтар намешавад. Ба хусус, ки маълум нест дар он ҷо аслан чӣ мегузарад".

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар Сурия ноором боқӣ мемонад. Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуи башар, рӯзи душанбе нерӯҳои амниятӣ даҳҳо донишҷӯёни донишгоҳи шаҳри Алеппоро боздошт карданд. Донишҷӯён паёми навбатии Башор Асадро танқид карданд, ки дар он раисиҷумҳур ба мардум ваъдаи гуфтушунид бо мухолифин ва ба роҳ мондани ислоҳотро додааст.

Ба гуфтаи онҳо, раисиҷумҳур дар паёмаш ба саркӯбсозии эътирозгарон ишорае накардааст аз аз ин рӯ бояд ба истеъфо равад. Ҷонибдорони Башор Асад, дар навбати худ, имрӯз дар Димишқ, Алеппо, Даръо ва дигар шаҳрҳои Сурия намоишҳои пуриздиҳоми пуштибонӣ аз сарвари кишварро доир намуданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854