ШАШ КУШТА ДАР АСАРИ СОНЕҲАЕ ДАР РӮШОН
Субҳи рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дар асари сарозер шудани санг аз кӯҳ ба масири утумубилгарди Душанбе-Хоруғ як мошин аз масири худ берун баромада ва ба рӯдхонаи Панҷ сарозер шудааст. Ин ҳодиса дар 518 килуметрии роҳи утумубилрави Душанбе-Хоруғ, вокеъ дар деҳаи Шидзи нохияи Рӯшон рух дод.
Тибқи иттилоъи пулиси роҳи вилояти Бадахшон ин мошин нӯҳ сарнишин дошт, ки аз он шаш нафар дар рӯдхона ғарк шуданд ва се нафари дигар аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдаанд. Дар ин бора Миршакар Мирзошоев, як масъули Раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон ба хабарнигори Би-би-сӣ иттилоъ дод.
Оғои Мирзошоев гуфт, ин утумубили навъи "Галоппер Хундай", ки дар ин масир мусофир мекашонадааст, мутаъаллиқ ба Маъқулшо Насриддинов сокини қишлоқи Занинси ноҳияи Рошткалъа будааст. Ҳарчанд ин утумубил метавонад, дар муқоиса бо дигар утумубилҳо мусофири бештар бигирад, аммо нӯҳ сарнишин барои ҳатто ин навъи утумубил зиёд аст.
Аммо ба гуфтаи пулис, имрӯзҳо, ки донишҷӯён иаз ноҳияҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои шаҳри Душанбе зиёд дар ин масир сафар мекунанд, мушоҳидаи мошинҳо бо сарнишинони бештар аз меъёр зиёд мушоҳида мешудааст.
Дар миёни шаш нафар аз сарнишинони мошини ба рӯдхона сарозершуда, ки ғарқ ва мафқуд-ул-асар шудаанд, дастикам ду кӯдак низ будааст. То ҳоло танҳо ҷасади Хадича Ямокова пайдо ва аз об берун кашида шудааст. Се нафар ба бемористон мунтақил шудаанд ва ҷустуҷӯйи аҷсоди афроди боқимонда тавассути гурӯҳи вижаи Кумитаи изтирории Тоҷикистон идома дорад.
Би-Би-Си