01:08:34 03-уми Июни 2025 сол

САФОРАТИ АМРИКО ШИНОХТАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКИРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД

Сафири ИМА Кен Гросс 16 корманди Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбаки махсус табрик намуд. Дар нутқи худ Сафир Гросс қайд намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои аълои худро бо Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ намуда умедвори ҳамкориҳои давомдор ва дастовардҳои умумӣ аст.   

safir-usa-4444.jpgАфсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташхис кардани тавсифҳои ҳуҷҷатҳои таъғирёфта, сохташуда ё дигар ҳуҷҷатҳои қалбакии мусофиронро омӯхтанд. Ҳамчун ташхис кардани рафтори мусофири шубҳаовар, ё маълумоти нодурусти ки мусофир пешниҳод мекунад, низ ба онҳо омӯзонда шудааст.     

Сафир Гросс изҳор намуд, ки ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ яке аз корҳои асосии  идоракунии назорати сарҳадӣ ва пойсутуни муборизаи давлати Тоҷикистон дар муқобили терроризм ва нашъамандӣ мебошад. Афсарони хати пеши сарҳад, амният ва милитсия бояд аз ӯҳдаи мамоният кардани даромадани террористҳо ва ҷинояткорон дар Тоҷикистон бароянд. Аз дигар тараф  фаъолияти онҳо бояд воридшавии мусофирони ҳаққониро ба хоки Тоҷикистон осон кунад.

 Курси омӯзишии ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар соли 2011 дуввумин курси кӯмакдиҳӣ ба мубориза алайҳи терроризм (АТА) мебошад, ки аз ҷониби идораи амнияти минтақавии Сафорати ИМА маблағгузорӣ шудааст.  Аз соли 2002  ба ин тараф беш аз 400 мансабдори мақомоти мухталифи Ҳукумати Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ ширкат варзиданд, ки аз ҷониби АТА ба ҳисоби беш аз 6 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст.

Аз соли 1993 инҷониб халқи Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 984 миллион доллар масраф намудааст. 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854