00:48:43 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ З. ЗУБАЙДОВ БО СОҲИБКОРОНИ ПОКИСТОН

21 июни соли 2011 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо гурӯҳи соҳибкорони покистонӣ таҳти роҳбарии Раиси Ассосиатсияи тоҷирони Покистон дар Тоҷикистон Наим Раҳмон доир гардид.

Зимни мулоқот ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар ва фаъолияти соҳибкорони покистонӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Наим Раҳмон иброз дошт, ки дар Тоҷикистон Ассосиатсияи тоҷирони Покистон ташкил ёфта, барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар мусоидат менамояд. Ба ақидаи Наим Раҳмон, Тоҷикистон дорои имкониятҳои хуби истеҳсолӣ ва ашёи хоми арзон аст, ки ин омилҳо барои фаъолияти соҳибкорони покистонӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд.

Сафир изҳор дошт, ки баъди баргузории бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар густариш ёфта, фаъолияти соҳибкорону тоҷирон такони тоза касб кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони покистоние, ки имкониятҳои воқеӣ доранд ва мақсадашон дар Тоҷикистон бунёд намудани корхонаҳо, сармоягузорӣ ё ворид намудани молу маҳсулот аст, ҳаматарафа мусоидат мекунад.

Дар охири сӯҳбат Наим Раҳмон зикр намуд, ки Ассосиатсияи тоҷирони покистонӣ барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорони Покистон дар Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.

Пайрав Назаров, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854